Бахшҳо

Аҳмадинажод: Эрон омодааст дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои нав созад

Шоми дирӯз райисҷумҳури исломии Эрон  Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.


Барномаи боздиди расмии меҳмони олимақом дар Қасри Миллат оғоз ёфт.Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Маҳмуди Аҳмадинажодро дар саҳни ҳавлии ин Кох  Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом, тибқи талаботи протоколи давлоатӣ, бо саф кашидани ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасии мусиқӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузашти сарони давлатҳо аз назди қатори низомиён, бо нимтаъзим арзи эҳтиром овардан ба парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони давлатҳо ҷараён гирифт.

Зимни дидор таваҷҷӯҳи асосӣ ба роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифт. Аз омода гаштани навбати аввали нерўгоҳи обии Сангтўда -2 ва омодагии ҷониби Эрон ба иштирок дар бунёди дигар нерўгоҳҳои Тоҷикистон, хатти интиқоли нерўи барқ ва хатти об аз Тоҷиқистон ба Эрон ва пайвасти роҳҳои оҳани ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Эрон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати нерўи ҷумҳурии Исломии Эрон; Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ миёни ҳукумати  ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ҳамчунин, баёнияи муштараки президенти Тоҷикистон ва президенти ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба имзо расид.Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба дурнамои муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Эрон баҳои баланд доданд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)