Сафари Сироҷиддин Аслов ба Бритониё
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ рӯзи 1 июл озими Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ, қарор аст, Аслов дар ҷараёни сафараш ба Бритониё бо шахсони расмии ин кишвар мулоқот ва гуфтугӯ намояд. Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, раҳбари ин ниҳод дар мулоқоташ бо мақомоти Бритониё ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, инчунин интизор меравад, Сироҷиддин Аслов аз Ирландияи Шимолӣ низ боздид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |