Иҷрои саҳнаи филми «9 рота» дар Лоҳур аз ҷониби снайперони рус
Ротаи снайперони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон зимни размоиш дар майдони Лоҳур саҳнае аз филми маъруфи «9 рота», оиди тирпаронӣ ба тангаро иҷро кардаанд.
Зимни размоиши пойгоҳи 201-ум, ки дар доираи тафтиши малакаи ҷангии тамоми Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия сурат гирифтааст, снайперони рус дар Лоҳур аз масофаи 100 метр тангаи 5-рублиро ҳадафи худ қарор дода, бе мушкилӣ аз иҷрои он баромадаанд.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия имрӯз, 1-уми июл дар шарҳи ҳадафи машқҳои густурдаи Ҳавзаи марказии ҳарбии кишвараш ба хабарнигорон гуфтааст, ин машқҳо ба судури нерӯҳои НАТО аз Афғонистон рабт доранд. Шойгу гуфтааст, зимни машқҳо, ки 65 ҳазор низомиро фаро гирифт, иштирокдорон малакаи хуби ҷангӣ нишон доданд: “Баробари ин камбудиҳо низ буданд, ки барои ислоҳашон кор мекунем.”
Берунравии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон то охири соли равон дар назар буда, ба гуфтаи бархе аз коршиносон ин раванд барои амнияти минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ хатарзо аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |