Бахшҳо

Убайдуллоев: Такя ба имони тоҷирон кардем, ки нашуд...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи васеи корӣ аз болоравии беасоси нархи маводи ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев изҳор доштааст, ки имсол шаҳрдорӣ ба имону инсофи соҳибкорон такя намуд ва барои ҷилавгирии нархҳо санадеро таҳия накард. “Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст,”- афзудааст, Убайдуллоев. Дар гузашта шаҳрдорӣ барои моҳи шарифи Рамазон нархномаи маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия мекард, ки тоҷирон уҳдадор буданд, онро риоя намоянд.

Имсол шаҳрдори Душанбе аз тоҷирон ва соҳибкорони пойтахт даъват кардааст, ба хотири дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр ва дарёфти савоби моҳи мубораки Рамазон нархи 20 навъи маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орд, нон, равған, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза то 10% ибтикоран поин бурда шавад. Инчунин раҳбарияти бозорҳои пойтахт, аз ҷумла бозори “Шоҳмансур”, “Саховат”, “ Деҳқон” ва бозори “Қарияи боло” муваззаф гардидаанд, ки фурӯши гушти гов бо нархи 36 сомонӣ дар моҳи Рамазон ба роҳ монда шуда, ба фурӯш гузоштани равғани чарбу аз сӯи қассобон манъ карда шавад.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои назорати супоришҳои мазкур қарор шудааст, дар тамоми дуконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои пойтахт дурбинҳои назоратӣ насб шавад: “Баҳри таъсиррасонӣ ва ба масъулият даъват кардани соҳибкорон бо дарназардошти тайи ду рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон бисёре аз дуконҳои гӯштфурӯшӣ худсарона фаъолияташонро қатъ кардаанд, 2 нуқтаи гӯштфурӯшӣ аз бозори “Саховат” ва 6 нуқта аз бозори “Шоҳмансур” аз соҳибкорони хилофкор гирифта ба ихтиёри ҶДММ “Ёвар” вобаста карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе ба хотири дастгирии соҳибкорону тоҷирони саховатманд, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалияи мазкур машғуланд, омодааст, аз ҳисоби буҷети шаҳр қарзҳои бефоиз ҷудо кунад. Назорати фаъолияти бозорҳо ба зиммаи ВАО ва фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук вогузор карда шудааст.
Мӯҳр
Рузадорон
Имон дефицит шудаги мухтарам Раис. такягох бошад, тамоман. Зеро "Девори Монополия" чудо хам буланд шудаги

Гражданин
Офарин ! Ба Хокими Душанбешахр. Шумо арзандаи номи Кахрамони миллати точик хатед. Дар хакикат барои ободии мардуми шахр ва Пойтахт софдилона мехнат мекунад. Ба рости дар тули 23 соли Истиклолият кам нафароне ёфт шудаанд, ки мисли у барои миллат шабу руз кор кунад.

Мухтарам Убайдуллоев дар бозорхои "Шохмансур", "Саховат", "Дехкон" ва "Карияи боло"-и Душанбе раисони бозорхоро масъул мемонад!!! Ба кавле Гургро чупон мемонад. Мардум аз дасти раисони бозорхои пойтахт ба чон расиданд. Айб аст ки масъалаи бозорхои пойтахт, пулхурии раисони бозорхои пойтахт дар хузури Президенти кишвар дар чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон дида шавад. Кори давлатдорй як тараф монда. Чй дигар Чаноби Олй кор надорад? Хайф Убайдуллоев.............

.
Гражданин,

Бародар, ин усулхои корие, ки раиси шахр истифода мебарад, ягон фоидае надоранд. Инро популизм мегуянд, яъне ки ба чашм хокпоши. Иктисодиетро таракки додан лозим, техникаи муосирро татбик кардан лозим, хоислнокии мехнатро бардоштан лозим. Ана он вакт нарххо бе фармони раси худашон паст мешаванд.

сино
Барои он имонхои баъзе савдогарон суст гаштаанд ки дар масчид ба чои амри маъруф дар бораи призидент харф мезананд. Барои имонро тоза нигох доштан аз Аллох тарсидан лозим на аз Сарконун. Шумохо хукуматдорон мардумро аз амри маъруф дур ки кардаед ана хамин аст натичааш ва холо намедонед чи кор кунед. Хамаи тичоратхои мухим дар дасти наздикони аст агар шакару ордро наздикони "чаноб" киммат кунанд чи хел гуштфуруш гушташро киммат накунад. Агар гушташро киммат накунад шакар харида наметавонад.

Хо гражданин. Точикистон зиёда аз 8 миллион ахолй дорад. Чй Убайдуллоев бо раисии Душанбе ЗАГС кардагй мй?! 23 сол гуфтан осон. Як умри инсонй. Биёяд дигар кас ва ободаш кунад. Ин столитца ё бозори Корвон?

Убайдуллоев ректори Донишгохи миллии Популизм. Декани факултахои имон, инсоф, шарму хайё, бахилию дуруггуиро сабукдуш намуда, дар ин макомхо ауксион гузаронданист.

Александр
Вай амри маъруфат аз хисоби Сарконун аст.Тартиботу низом набошад,мебини,ки чи тавр мерави!

5298
Як дуташа дар майдони маркази хайфи ту кунен шояд ки нарххо паст шавад.Лекин ин рохи халоси нест камбудии ин е он масолех дар шароити иктисоди бозаргони ин аз набудани пойдевори иктисод дарак медихад.Яъне база нест.Дуюм ин ки аз тарафи ягон органи давлати планкаи нихоии болонархи(наценка)чори нашудааст аз ин хотир савдогарон чи нархе форад мемонанд.Бинед ки имруз савдогар аз хисоби халк сарватманд шуда истодаасту тавлидкунанда кашшок.Хол он ки сифати махсулот паст буда чек хам кариб намедиханд ки ба насупоридани андозхо оварда мерасонад.

. Убейдулаевро вахташон не. Инсоф кунетон да акома кораш мул. Сохтмона капад, роха капад, наклиёта капад. Так что гапатон бошад зантон, И гапоя бо ду гушам шунидаму куратора бо ду чашмам дидам. Дар ин Мохи Муборак дуруг намегуям.

5298, Кудакбози накун ин хайфи туро дар богча ва аз синфи 1 то 3 ба мактаббачагон мегуфтанд ва баъзе вакт ба бахои 2 гирхо туф хам мекарданд. О инчо богча е мактаб не, ин бозор мир интереси худро дорад

shahrvand
Salom :Ozodagon: Muhtaram rais va muhtaram J.OLI hudatona in qdar gamhor va pok dil metaroshed charo hamma aibro ba dushi sohibkoron mezaned, shumo az tz tarafi hud kani yakbor da m ramazon az tojiron andoz yo bozor puli nagired yo hadi akal nisf gired bad tojironro tuhmatu aibdor kuned. SHarm doshtan darkor baroi in suhanhoi be asosro guftan .faqqat farmonhoi durugin, masuliyatshinosi = 000000
voi TJK- i besohib. ozodagon chop kun gar OZODI

Тоҷир
“Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст,”
Оғо охир тоҷирон ро хона хароб кардаед аз налогу патенти баланд ки ба 40% мерасад ба инкадаре ки бечора тоҷирон сарбаланд кардаю ҳарф зада наметонанд аз зулму ситами Шумоён ҳукуматиҳо аз тарси онки аз ҷои кораш мемонад ооо як бор ба имону инсофи худатон назар кунед ин чи зулм аст имону инсофи тоҷирон ба ёдатон мерасаду аз Худатон не ҳа ҷароби Убайдулоев чунон чи Худованд мефармояд أتأمرون الناس بالبر والتنسون أنفسكم
мардумро ба кори хайр амру фармон мекунеду ХУДТОНРО ФАРОМУШ МЕКУНЕД
ИН ЧИ АДЛУ ИНСОФ АСТ РОЪИ Ё МАСЪУЛИН ЧИХЕЛЕ КИ БОШАНД РАЪИЯТАШОН ҲАМОН ХЕЛ МЕШАВАНД АЗ ХУДО БИТАРСЕД ЭЙ МАНСАБДОРОН!!!
ХОҲИШ ЧОП КЕНЕД!!!

Да здравствует Ленин и его идеии для НЕКОТОРИХ.

Суханхои ХАМСОЯ чй маънй дошта бошанд: КУРАТОРРО бо ду чашмам дидам? Чй додархои Убайдуллоевро дида бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)