“Маркази миллии иттилооти илмӣ-фаннӣ”: Ҳар даҳумин кори илмӣ плагиат аст

“Маркази миллии иттилооти илмӣ-фаннӣ” гуфтааст, ҳар даҳумин кори илмӣ дар Қазоқистон плагиат мебошад. Ба иттилои манбаъ, миёни ҳафт ҳазор диссертатсияи докторӣ, унвонҷӯӣ, магистерӣ, корҳои илмӣ ва монографияҳо, ки тавассути низоми худкори "Антиплагиат" аз соли 2010 санҷида шудааст, дар 9,7 дар сад ба муаллиф ишора накардаанд. Одил Ибраев, сарвари марказ гуфтааст, теъдоди матолиби нашршудаи олимони Қазоқистон дар нашриётҳои хориҷӣ давоми се соли охир се маротиба афзудааст. Дар соли 2013 дар маҷаллаҳои гуногуни хориҷӣ 1114 кори илмии муаллифони қазоқистонӣ чоп гардидааст. Аммо ба гуфтаи Ибраев, бахши аъзами ин корҳои илмӣ дар нашриёте чоп шудаанд, ки маъруфияте надоранд.
Ба қавли Дониёр Сапаргалиев, муовини директори маркази пажуҳиш ва рушди Академияи байналмилалии тиҷорат, аз панҷгонаи аввали маҷаллаҳое, ки бештар корҳои илмии олимони Қазоқистон нашр мегардад, танҳо дутои он рейтинги баландро дорост ва боқимондаҳо дар маҷаллаҳое чоп шудаанд, ки дар феҳрасти байналмилалии “партовӣ” вориданд. Номбурда афзуда, дар чунин маҷаллаҳо нашр шудани корҳо ба имиҷи муаллиф ва кишвар латма мезанад, хабар додааст Tengrinews.kz.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |