Шикояти наҳзатиҳо аз ваъдахилофии мақомот дар Суғд

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо гузашти беш аз 10 рӯз аз тахриби бинои қароргоҳаш ҳанӯз ҳам бо дафтари корӣ таъмин нашудааст.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд рӯзи 1 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то кунун аз сӯи мақомоти шаҳри Хуҷанд ҳеч гуна иқдоме барои таъмин намудани онҳо бо утоқи корӣ ё қитъаи замин сурат нагирифтааст.
Ба гуфтаи Ёқубов, бахши ҲНИТ дар Суғд тасмим гирифтааст, бори дигар расман ба шаҳрдории Хуҷанд нома навишта, барои дарёфти утоқи корӣ ё қитъаи замин барои бунёди дафтар муроҷиат хоҳад кард: “То ҳол мақомот ваъдаҳои шифоҳии додаи худро иҷро накардааст. Ҳатто биноеро ҳам барои додани иҷора пешниҳод намекунанд. Агар бо навиштани нома низ мушкил ҳал нашавад, пас маҷбур мешавем, ба мақомоти додгоҳӣ муроҷиат кунем.”
Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад. Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.
Ин дар ҳолест, ки 17 июни соли ҷорӣ, масъулони ҳукумат ва намояндагони бахши ҲНИТ дар Суғд ба мувофиқа расида буданд, ки бинои ҳизб танҳо баъд аз мушаххас гардидани қимат ва ҷудо гардидани замин барои бунёди дафтари дигар тахриб карда мешавад.
Тахрибу баста шудани дарҳои бахшҳои ҲНИТ дар вилояти Суғд бори аввал нест, тайи чанд моҳи охир мешавад, Ин ҳизб шикоят дорад, ки мақомоти вилоят барои фаъолияти бахшҳояш дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод мекунад. Ахиран дари дафтари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд низ, ки қисман тахриб шуда буд, баста шуд.
Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент ба “Озодагон” гуфт, кормандони Идораи бақайдгирии ҳуҷҷати манозилу биноҳои ин минтақа ба онҳо гуфтаанд, аз ин ба баъд фаъолияти Шумо дар ин бино манъ мебошаду дар ин бора аз раиси ноҳия дастур гирифтаанд. “Ҳоло дару тирезаҳои қароргоҳи моро бо “палатка” пӯшонидаанду моро намегузоранд, вориди бино шавем.”- афзуд, Ҳасанзода
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |