Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои он дастур додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми июн ба масъулини ҳукумат супориш дод, раванди болобарии сунъии нархҳо бартараф карда шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд на баръакс. Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии моҳи Рамазон нархи гӯшт дар бархе аз дӯконҳои Душанбе аз 35 сомонӣ то ба 40 сомонӣ боло рафтааст.
Ба иттилои манбаъ баробари нархҳо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи футболро низ ба миён гузошта, барои оммавӣ шудани он супориш додааст. Дар ин робита раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба раисиҷумҳур гузориш додааст, ки дар асоси супоришҳо аз соли 2010 дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфтааст: “Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас аст.”
Дафтари матбуот дар идома афзуд, ки зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд: “Тибқи ин санад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 52,8 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,2% пешбинӣ шудааст. Дар солҳои 2016 ва 2017 бошад ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба андозаи 60 миллиард ва 68,4 миллиард сомонӣ ва 7,2% ва 7,4% дар назар аст. Барои муқоиса зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли равон ба андозаи 46,3 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,1% пешбинӣ шудааст.”
Тибқи дурнамои тасдиқкардаи ҳукумат сатҳи таваррум барои соли 2015 7,5% ва қурби миёнасолии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба андозаи 5,05 ва 5,10 сомонӣ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |