“Тӯфон” дар Данғара боиси марги 2 моҳигир шудааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи шамоли сахт ду сокини Данғара зимни моҳигирӣ ғарқ шудаанд.
Ориф Нозимов, сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба “Озодагон” гуфт, бегоҳи 28 июн, тақрибан соати 19:35 дақиқа истиқоматкунандагони деҳоти Гулистони ноҳияи Данғара Амиршо Қурбонови 10-сола ва Содиқ Ҳамроеви 35-сола зимни вазидани шамол аз болои чархи бо ҳаво пуркарда, ғалтида дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.
Манбаъ афзуд, худи ҳамон рӯз ҷасади Содиқ Ҳамроев аз тарафи аҳолии деҳоти Гулистон дарёфт шуд ва корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо намудани ҷасади Амиршо Қурбонов идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |