ВКД: Зиёдагул сари духтари 6-солаашро аз тан ҷудо кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми куштори Мадинаи 6-сола дар Душанбе модараш Зиёдагул Шариповаи 29-соларо боздошт намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод ҷасади аз сар ҷудошудаи Мадина, ки тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони №2-и Душанбе будааст, нисфирӯзи 30-юми июн, дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина дарёфт гардид.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷиноят аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Синои ҳамчун гумонбар модари марҳум - Шарипова Зиёдагул дастгир карда шуд.
Ба иттилои тафтишот Зиёдагули 29-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 30-юми июн тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 гирифта баъдан ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.
Манбаъ мегӯяд, сипас боздоштшуда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |