Лвов дархост барои мизбонии Олимпиада-2022-ро бозпас гирифт
Зимни мулоқоти Томас Баха, президенти Кумитаи байналмилалии олиппӣ бо Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина ва Сергей Бубко, раҳбари Кумитаи миллии олимпии ин кишвар тасмим шуда, ки шаҳри Лвов барои дарёфти ҳаққи мизбонии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2022 мубориза намебарад.
Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисодии Украина чунин тасмим гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, комиссияи коршиносони КБО гуфта, ки Лвов имкон хоҳад дошт барои мизбонии олимпиадаи соли 2026 талош кунад.
Акнун, барои баргузор кардани Бозиҳои олимпии соли 2022 се шаҳр – Ослои Норвегия, Пекини Чин ва Алмаатои Қазоқистон мубориза хоҳанд бурд. Пойтахти Олимпиада-2022 тобистони соли 2015 дар Малайзия эълон мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |