Содиқов: Ба муфаттишон бовар дорам
Александр Содиқов, боздоштшуда ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, аз муносибати мақомот шикояте надорад ва маъмурини боздоштгоҳи Душанбе бо ӯ муносибати хуб мекунанд.
Содиқов ин нуқтаро охири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо ҳамсараш Мушарраф Содиқова дар боздоштгоҳ баён намудааст. Мушарраф Содиқова дар суҳбат ба “Озодагон” аз қавли ҳамсараш изҳор дошт, ки ӯ ба муфаттишон боварӣ дорад ва муътақид аст, ки онҳо ҳақро ба ҳақдор мерасонанд: “Зоҳиран хуб менамуд ва осори муносибати дағалонаю зӯроварӣ дида намешуд.”
Наздикони Содиқов мегӯянд, феълан барои ҳимояи ҳуқуқҳояш вакилони дигари дифоъро ҷалб намудаанд, ки якҷоя бо вакили ироакардаи мақомот ба омӯзиши парванда машғул мебошанд.
Содиқов баъд аз зуҳри 16 июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо иттиҳодияҳо илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |