Ҳушдори мақомот барои хароб кардани манзили чанд сокини пойтахт
Кормандони ҳукумати ноҳияи “Пивзавод”-и Ашхобод ба сокинони чанд манзил дар хиёбони Махтумқулӣ (собиқ хиёбони Озодӣ) ҳушдор додаанд, ки ояндаи наздик хонаҳояшон хароб мешавад.
“Наметавон гуфт, ки барои сокинон ин хабар ғайриинтизор буд. Аҳолии калонсоли шаҳри Ашхобод солҳост, дар интизори тахриб шудани хонаҳояшон ба сар мебаранд”,-менависад "Хроника Туркменистана". Бино ба иттилои манбаъ, ба сокинон ваъда шудааст, баробар бо арзиши манзилҳояшон аз минтақаи дигари дуртар аз марказ соҳиби хона хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд дар ҷои манзилҳои сокинон биноҳои боҳашамати мармарпӯш бунёд мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |