Кумита: Ҷасади ёфтшуда дар Душанбе Турсунов нест
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабари нашркардааш дар бораи дарёфти ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро такзиб кард.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумита рӯзи 30-юми июн ба “Озодагон” гуфт, ташхис нишон дод, ҷасаде, ки рӯзи 29-уми июн дар дарёи Душанбе пайдо гардид, Абдуқаҳҳор Турсунов набудааст. Дар ҳоле, ки ба қавли манбаъ рӯзи 29-уми июн наздикони Турсунов, аз ҷумла писаронаш изҳор доштанд, ҷасади пайдошуда аз падарашон аст.
Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расида буданд.
Ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) идома дорад.
Абдуқаҳҳор Турсунов солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Ӯ муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |