Мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Ҷоми президенти Қазоқистон бо нишони нуқра баргашт
Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол (U-16), дар сабқати байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон-2014 мақоми сеюмро ишғол намуд.
Дар бозӣ барои медали нуқра футболбозони тоҷик дар баробари соҳибони мусобиқа ба майдон баромаданд. Вақти асосӣ мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бахт ба рӯи наврасони тоҷик хандид: 4:3. Мунтахаби то 16-солаҳои Тоҷикистон оид ба футбол барои пирӯзӣ дар мақоми сеюм, 4 ҳазор доллар ҳам гирифтанд.
Аммо ҷои аввал насиби тими Испания шуд. Дар бозии финалӣ наврасони ин кишвар ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Гурҷистон шаш гол задаву танҳо як туб сар доданд.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2014
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6
Озарбойҷон – Қирғизистон – 5:0
Бозӣ барои ҷойҳои 3-4
Тоҷикистон – Қазоқистон – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
Финал
Испания – Гурҷистон – 6:1
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |