Бомбаборони ДИИШ аз сӯи ҳавопаймоҳои Сурия дар хоки Ироқ ва истиқболи ал-Моликӣ
Нурӣ ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ аз бонбаборон шудани неруҳои созмони мавсуф ба террористии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) аз сӯи ҳавопаймоҳои Сурия дар минтақаи марзии ду кишвар хабар дод.
Ӯ рӯзи 26 июн гуфтааст, ҳавопаймоҳои Сурия макони ҷойгиршавии ҷангҷӯёни ДИИШ дар минтақаи марзии ин кивашвар бо Ироқро бомба борон кардаанд.
Ба гуфтаи сарвазири Ироқ, ин иқдом бо хоҳиши мақомоти Димишқ сурат гирифта, аз сӯи Бағдод дар робита дархосте нашудааст: “Вале мо аз ҳаргуна иқдом алайҳи неруҳои ДИИШ истиқбол хоҳем кард.”
Ин дар ҳолест, ки Содиқ ал-Лубон, вакили парлумони Ироқ ахиран иддао карда буд, ки гӯиё онҳо ба хотири берун баровардани ҷангҷӯёни ДИИШ аз хоки кишварашон ниёзе ба низомиёни амрикоӣ надоранд. Аз сӯи дигар, ахиран расонаҳои хабарӣ аз аҳди дубораи гуруҳи Ҷабҳат ан-Нусра, марбут ба Созмони “ал-Қоида” бо ДИИШ дар шаҳри Албукамоли Сурия, ҳаммарз бо Ироқ хабар доданд.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ мебошад, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, аз раҳбари ин ҳаракат Абубакр ал-Бағдодӣ ном мебаранд. ДИИШ эълон дошта буд, ки шаҳри дигареро дар шимоли Ироқ таҳти тасарруфи худ қарор додааст. То кунун ин ҳаракати ба ном “исломӣ” шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин ин гуруҳ контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |