Бонки Ҷаҳонӣ “ҳа” гуфт: Монеаи дигаре барои бунёди Роғун ҳаст?

Бонки Ҷаҳонӣ ахиран натиҷаҳои ташхиси байналмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун”-ро нашр кард, ки дар он бунёди нерӯгоҳ ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ-техникӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ-экологӣ мусбат ва асоснок баҳогузорӣ шуд. Дар пайи нашри ин натиҷаҳо, ки Тоҷикистон аз соли 2010 ин ҷониб интизорашон буд, “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки акнун монеаи дигаре барои бунёди Роғун вуҷуд дорад?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшинос
Ман фикр мекунам, ки Роғун бунёд карда мешавад. Бунёди Роғун ягона роҳи сангини баромадани Тоҷикистон аз мушкилоти энержӣ ҳаст. Ҳоло технология ва илм дар он сатҳе расидааст, ки ҳар ташхисро метавонанд ба зудӣ анҷом бидиҳанд. Танҳо хавотири ман ин Ӯзбакистон буд, ки эҳтимол ягон коршиноси байналмиллалиро киро карда, натҷиаи ташхиси Бонки ҷаҳониро дигар кунад. Чунки дар Тоҷикистон ақидаҳои позитив тақрибан, ки набуд. Бовар дорам, ки Роғун бунёд карда мешавад. Монеа барои бунёди он, вуҷуд надорад.
Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзӣ
Қабл аз он, ки мо дар мавриди Роғун гуем, бояд фаромӯш накунем, ки лоиҳаи ин нерӯгоҳ аз иттифоқи созандагони неругоҳҳои баландиаш аз 300 метр баландтар, гузаштааст. Лоиҳаи Роғунро дар Тошканд имзо карда буданд. Ҳоло, ки Бонки Ҷаҳонӣ се сол ташхис карду гуфт, ки он хатар надорад, ин ҳақиқати ҳол аст. Барқарор кардани корҳои сохтмонӣ дар Роғун ин маънои раҳоии кишвар ва минтақа аз бунбасти комуникатсиониву бартараф кардани мушкили озуқаворӣ мебошад. Барои бунёди Роғун имконият њаст, аз тамоми шаҳрвандон маблағ бар ивази саҳмия ҷамъоварӣ гардида буд. Мо бояд ба монанди қирғизҳо неругоҳи Роғунро бисеозем. Кор шуруъ шавад, агар ду агрегати он давоми се соли оянда ба истифода дода шавад, ба манфиати мост.
Эшбӯрӣ Эсанқулов, узви кумитаи энержӣ, саноат ва комуникатсияи парлумон
Аслан Роғунро дар замони шӯравӣ ташхис карда буданд. Ҳамаи саволҳоро ба ҳисоб гирифта буданд. Ба назари ман ҳам Роғун ҳеч хатаре надошт ва надорад. Ташкилот ва созмонҳои байналмиллалӣ барои бунёди Роғун ҳеч мушкил ё монеае надоштанд. Ҳамсоя агар барои мо монеа эҷод накунад, дигар мушкиле нест. Ҳоло ҳамсоя танҳо бо тарси эҳтимоли дастрас кардани об мехоҳад Роғун сохта нашавад. Вале онҳо бояд донанд, ки касе обро қатъ намекунад. Об ҳатман ба онҳо меравад. Ин ба манфиати минтақа ҳаст, мушкили дастрасӣ ба барқ бартараф мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |