Боздиди Алимардонов аз маҳалли сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар гуфтушуниди навбатии худ низ ба созиш наомадаанд.
Ба иттилои хабаргузориҳои қирғизӣ, ҷаласаи навбатии намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили аломатгузории хатти марзи ду кишвар ҳафтаи ҷорӣ дар вилояти Бодканд, ҳаммарзи вилояти Суғд баргузор шудааст.
Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини нахуствазири кишвар иштирок карда, ҷониби Қирғизистонро Абдураҳмон Маматалиев, ҳамтои қирғизаш раҳбарӣ дошт.
Ҷонибҳо дар ин вохурӣ лоиҳаи тавофуқномаи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзиро баррасӣ карда, сохтмони ду пул ва роҳи мошингарди Кулунду – Максат низ аз мавзуъҳои меҳварӣ будааст. Инчунин муовини нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш бо сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузараду баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз гуфта мешавад, аз наздик ошно шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |