Сафари Аслов ба Ҷопон ва мулоқоташ бо Фумио Кишида
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ рӯзи 26 июн озими Ҷопон шудааст.
Тавре дафтари матбуоти ВУХ хабар медиҳад, қарор аст, Аслов дар ҷараёни ин сафараш бо Фумио Кишида – ҳамтои ҷопонии худ мулоқот кунад. Инчунин вохурии вазири умури хориҷии кишвар бо гурӯҳи байнипарлумонии Ҷопону Тоҷикистон ва дигар намояндагони баландпояи ин кишвар дар назар аст.
Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, интизор меравад, дар ҷараёни сафари Аслов ба Ҷопон миёни Душанбе ва Токио санадҳои дуҷониба ба имзо расад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |