Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии Протон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фароварди сафари давлатӣ ба Малайзия аз корхонаи мошинсозии Протон дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷоикистон корхонаи мошинсозии Протон дар ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии Лотуси Инглистон ва Митсубисии Ҷопон солҳои 80-уми асри гузашта ба кор шуруъ намуда, дар дохил ва хориҷи кишвар бозори фурӯши маҳсулоти худро пайдо намудааст: “Дар ин корхона ҳамасола беш аз 300 ҳазор мошинҳои гуногуни сабукрав истеҳсол мешавад.”
Ба иттилои манбаъ зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин корхона доир ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд баргузор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |