Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон: ВАО, созмонҳо ва аҳзоб эҳтиёткор бошед!
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикияш ба муносибати 17-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз тамоми мардум, аҳзоб, расонаҳо ва созмонҳо даъват намуд, ки зери сиёсати Ваҳдат муттаҳид бошанд.
Дар навори табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдат, ки ҳамасола 27-уми июн таҷлил мегардад, раисиҷумҳур ҳадди ақал се бор созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо ва аҳзоби сиёсиро ба эҳтиёткорӣ ва дурандешии сиёсӣ даъват намуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри аҳамияти сулҳу ваҳдат дар кишвар таъкид намуд, ки “аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд.”
Эмомалӣ Раҳмон нобасомониҳои солҳои охири асри гузаштаро ёдоварӣ кард, ки байни мардуми мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид: “Он замон ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад.”
Дар ҳамин шароит раисиҷумҳур афзуд, ки давоми 4 сол бо ҷониби дигари музокирот эҳтироми тарафайну таҳаммулпазириро зоҳир намуда, ба сулҳу ваҳдат расиданд ва бори дигар соҳибфарҳангии мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён нишон доданд: “Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.”
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро ба пос доштани Ваҳдат даъват намуда, аз созмону аҳзоб ва расонаҳо хост, созандагиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ба таҳкими давлатдорию сулҳу оромӣ равона созанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |