Ду футболбози тоҷикро барои "задан"-и сардовар муҷозот кардаанд

Кумитаи назорат ва ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигари “Зарафшон”-и Панҷакентро як сол аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карда, 1500 сомонӣ ҷарима бастааст.
Мазбудҷон Бурҳоновро барои дар дидори “Зарафшон” бо “Эсхата” задани сардовар чунин ҷазо додаанд. Ин бозӣ дар чорчуби мусобиқаи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал баргузор шуд. Ҳамчунин, кумитаи мазкур Умед Ҳоҷимаҳмадов, бозигари “Шаҳристон”-ро барои бо мушт задани сардовар дар дидори “Исфара” – “Шаҳристон” аз 10 бозӣ маҳрум ва 1500 сомонӣ ҷарима бастааст.
Барои аз ҷониби мухлисон ҳаво додани буталҳо дар дидори “Регар-ТадАЗ” - “Далерон-Уротеппа”, клуби шаҳри Турсунзода 500 сомонӣ ҷарима шудааст.
Зафар Додоев, бозигари “Далерон-Уротеппа” ва Далер Шомуродов, футболбози “Регар-ТадАЗ” бошанд, барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ (ҳар кадом) ҷарима шудаанд.
Абдусамад Ҳоҷибоев, бозигари “Далерон-Уротеппа”-ву Бахтиёр Қаландаров, бозигари “Регар-ТадАЗ”-ро барои дашном додани ҳариф аз ҳаққи иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ (ҳар кадом) ҷарима кардаанд.
Кумитаи назорат ва ахлоқи ФФТ ҳамчунин Баҳодур Суфиев, сармуррабии дастаи дуюми “Истиқлол”-ро барои таҳқири ҳайати доварон дар мусобиқаи футбол миёни ҷавонон аз се бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Ҷӯрабой Ҷӯраев, бозигари “Қайроққум” барои дашном додани сардовар аз се бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |