Боздошти ду сокини Хатлон ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати Толибон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 23-юми июн, дар пайи як амалиёт ду сокини 30 ва 29-солаи вилояти Хатлон ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати Толибон боздошт шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод зимни тафтиш муайян шуд, ки Тошпулотов Умаралӣ сокини 29-солаи ноҳияи Шаҳритус ва Кулбашев Комилҷон истиқоматкунандаи 30-солаи ноҳияи Қубодиён соли 2014-ум дар ҳудуди вилояти Вазиристони Покистон дар таълимгоҳи махсуси динӣ малакаи экстремистӣ ёд гирифтаанд: “Баъдан дар шаҳри Ливараи Покистон аз шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои “Мустафо” ва “Ҳамидулло” даъвати ҷиҳодро ҳамчун фарз қабул намуда, қасам ё худ байят ёд намуда ба узвияти “Ҳаракати Толибон” шомил шудаанд."
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ки боздоштшудагон охирҳои моҳи майи соли 2014-ум аз марзи Покистон бо мақсади ҷанг ба муқобили қушунҳои ҳарбии ИМА ба Афғонистон ворид гардидаанд.
Манбаъ мегӯяд, Тошпулотов шахсан тайи солҳои 2010-2014, ҷамъ шаш маротиба дар ҳайати Ҳаракати Толибон дар ҳудуди Афғонистон дар амалиёти ҷангии зидди қушунҳои ҳарбии ИМА иштирок намудааст.
Феълан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |