Шоми дирӯз дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, раҳбарони аввали се кишвари дӯсту ҳамсоя доир ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар бахшҳои энергетика, роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ табодули назар намуданд.Манбаъ афзуд, гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки минтақавию байналмилалии се кишвар сурат пазируфт.{jathumbnail off}
Мӯҳр