Бахшҳо
24 июн 2014 12:20Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кабирӣ: "Агар... натавонистанд, ҲНИТ омодааст, масъулияти кишварро ба дӯш гирад"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҳизбаш гуфт, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Оқои Кабирӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 24 июн, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ баён дошт.

Ӯ гуфт, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ. Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукмати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”

Раиси ҲНИТ дар ин суҳбаташ, инчунин, аз бархӯрди номуносиби мақомот бо намояндагони аҳзоби мухолиф шикоят кард ва гуфт, дар ҳоле ки ҳизбу ҳаракатҳои дунё мансабу мақому вазорат мехоҳанд, ҳизбҳои оппозитсионии Тоҷикистон мехоҳанд, фақат мақомот иҷоза диҳанд, ки ҷаласаашонро баргузор кунанд. “Дар ҳоле ки бояд як ҳизби сиёсӣ даъвои аз ин бештар дошта бошад, даъвои президентиро дошта бошад”,-афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ илова кард, “вақте Сарқонун ва қонун ҳимоя намекунад, аъзои ҲНИТ ва дигар аҳзобро ҷузъи ин миллату Ватан баъзеҳо ҳисоб намекунанд, боқӣ мемонад танҳо ҳамин созишномаи сулҳ, санади ҳамдигарфаҳмӣ ва ёде аз он рузҳо ки бо такя ба он бори дигар ба ин дӯстон хотиррасон кунем, ки ин мардум ҳам шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Дар инҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд ва мехоҳанд, ки насли ояндаашон ҳам инҷо озода зиндагӣ бикунад. Аз ин бештар чизе намехоҳанд.”
Мӯҳр
Абдуллох
Зинда бош ХНИТ ба по хезед!
Вакти он аст эй калам бурандатар гарди зи тег..............

Саид
"Дар ҳоле ки бояд як ҳизби сиёсӣ даъвои аз ин бештар дошта бошад, даъвои президентиро дошта бошад". Шарм доред мухтарам Кабири!!! Чи тур Шумоён даъвои президентиро мекунед, модоме, ки имзои даркориро чамъ оварда наметавонед. Ба фикрам тухму помидоршаппи ба шумо таъсир расонидааст. Даъво мекунед, ки вахдат яктарафа таргиб мешавад. Хуш, Шумо ва ХНИТ барои тахкими вахдат ва сулх дар Точикистон кадом корхоро кардед?! Ба гайр аз фитнаангези дигар хеч чиз. Факат бо имзо мондан сулх баркарор намешавад чаноб!!!! Аслан ба Шумо на тухму помидор, балки тарбузу харбуза ва боимчон партофтан даркор то ба худ оед

точик
Умар
Масъулияти кишварро ба дасти Шумо додан худ аблахист!!! Чи кор хам карда метавонед!!!! Шумоён акалан як мачлисчаи худро гузаронида наметавонедууу боз даъвои хукумат доред. БАС КУНЕД!!! Чи намефорад бари Шумо? СУЛХ? ВАХДАТ? ТИНЧИ? ОРОМИ? Аслан барои чунин сухану акидарони ШУморо бояд ба Хабс гиранд. Шарм доред. Хукумат чои Шумо нест. Сарвари кардан ин лухтакбози не, аввал фикр кунед чаноби кабири!!!!

тура
офарин устод дилам ормгрифт хакикатро гуфтед ХУДОИ оламиен ин дустони забонииморо дусти хакики гардонад омин Е РАБУЛОЛАМИН

Устод нав хушатон ба саратон зад. То бад нагуи ба нек нараси!

Гулиноз
ЧАНОБОН НАХзатиён! Иштихоатон баъд не.

А, бача вазбин шавед

Рустам
Хукумати феълй чиро натавонист, ки ХНИТ метавониста бошад. Нахзатихо як дастури С.нуриро бояд аз гушаи хотир набароранд, ки то даме, ки мисли Химматзода 100 нафар надошта бошем, бояд даъвои хукумат накунем. Ба рагми гуфтахои пешво ва муассиси хизб рафтан гунохи кабира шумурда мешавад.

мухиддин
Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад” Мултики Шрек.
Шумо бачабози ва бо турбаи пластики куфу суф карда гардед занхои гумроха. Чи кор мекунед масъулиятро ба душ гирифта. Худо миллати точика аз шари шумо панох дихад. Омин.

шарик
ту ту фарзадони худата ба душ гирифта наметони ин кишваро чазир мени аспам почашро наъл кардааст........кур мехохад наъл кунад як хизби тозву озодаро шарманда кардед....

шурик
хизби шумора факат бояд бо тухму помидор бояд пешвоз гиранд шахрвандони точикистонро кариб як солое .ки души халкро ба ухда гирифта будед тохозира фазандони точик падару бародар мекобандээ.боз ягон фикрхои бад дори кабири шахрвандони точик бе хизби шумо зиндагишон хуб хаст

огохкунанда
Умар,
Рустам,
Гулиноз,э бачахои натарсед чи шуд
мо факат огох кардем ислох шавед басаст

Ба фикрам "Бозори интихоботи парлумони 2015" хеле гарм мегузарад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)