Анҷоми санҷиши ҳамла ба Кабирӣ: Ҳабсу ҷарима ва огоҳии сахти ВКД
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломиро, ки 10-уми июн сурат гирифт, таҳқиқ карда, натиҷаҳои онро эълон намуд.
Ин санҷиш, ки бо дустури вазир Рамазон Раҳимзода аз ҷониби гуруҳи махсуси корӣ зери роҳбарии генерал-майор Искандар Солеҳзода анҷом ёфтааст, муайян намудааст, ки 10-уми июн бояд маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар идораи Марказии ҳизб дар шаҳри Кӯлоб гузаронда мешуд. Аммо азбаски нозироти андоз ва хадамоти оташнишонӣ дар идораи ҲНИТ дар Кӯлоб камбудиҳои зиёд ошкор карда буданд, фаъолияти идора муваққатан боздошта шуда, дарҳои он муҳрбандӣ гардид.
ВУД мегӯяд, Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб низ 10-уми июн дар мулоқоташ бо Муҳиддин Кабирӣ камбудиҳои ҷойдошта дар идораашонро мефаҳмонад: “Бо вуҷуди ин, фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон маҷлиси ҳизбияшонро дар хонаи раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев мегузаронанд, ки боиси норозигии як гуруҳ шаҳрвандон мешавад. Норизоён дар назди хонаи Маҳмадшариф Набиев ҷамъ омада, ба тарафи намояндагони ҲНИТ ва махсусан ба тарафи роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ помидор ва тухм ҳаво медиҳанд. Аз тарафи аъзоёни ҲНИТ низ якчанд нафар ба бетартибиҳо роҳ дода, бо шаҳрвандон ҷанҷолу хархаша намуда, даст ба гиребон мешаванд.”
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ки гарчанде аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ ягон муроҷиат оиди нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ дохил нашудааст, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии шаҳри Кӯлоб сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муноқишаро бартараф намуда, вазъиятро зери назорат гирифтанд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки барои бетартибиҳо ва беҳурматӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ алайҳи эътирозгарон санад тартиб дода шуд ва бо қарори додгоҳи Кӯлоб 3-нафар шаҳрвандон 5 шабонарӯзӣ ҳабс ва 6 нафар ҷарима шудаанд: “Инчунин, нисбати 25 нафар шаҳрвандон оиди дар оянда ба чунин муноқиша роҳ надодан протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, сахт огоҳонида шуданд ва бо зиёда аз 116 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд.”
Дар ниҳоят ВУД илова намудааст, ки гузарондани маҷлиси ҳизбӣ дар хонаи Маҳмадшариф Набиев низ хилофи қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» буда, алайҳи ӯ низ маводҳои маъмурӣ тартиб ва ба додгоҳ ирсол шудаанд.
Ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ 10-уми июн сурат гирифта, эътирози бисёре аз вакилони парлумонро низ ба бор овард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |