Шарҳи ВКД дар бораи “сангпартоӣ” ба сафорат, баъд аз ду ҳафтаи ҳодиса
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти ду ҳафта ҳодисаи рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар назди сафорати Бритониё дар Душанберо шарҳ дода, мегӯяд, ҳадафи афроди гирдомада мулоқот бо сафири Бритониё - Робин Орд-Смит будааст.
Ин ниҳод рӯзи 24 июн бо пахши як изҳорот гуфт, ин гуруҳи сокинон баъд аз огаҳӣ ёфтан дар бораи сафари Робин Орд-Смит ба вилояти Бадахшон дар назди сафорат гирд омада, бозгашти ӯ ба Душанбе ва мулоқоташ бо онҳоро талаб кардаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ВУД, сафари сафири Бритониё ба Бадахшон барои он боиси хашми ин гуруҳи сокинон гаштааст, ки сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи Бадахшонро аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳодисаи рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе ҳудуди 45 - 50 нафар иштирок дошта, эътирози онҳо тақрибан 30 дақиқа идома ёфтааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз тарафи ин ниҳод нисбати 5 нафар аз иштирокдорони ин таҷаммуъ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бар асоси моддаи 461-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, нисбати 15 нафари дигар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва дар оянда такрор накардани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо қатъиян огоҳонида шуд. “Бо 27 нафар сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ барои роҳ надодан ба чунин бетартибиҳо гузаронида шуд”,-омадааст дар изҳорот.
Инчунин, манбаъ таъкид кардааст, ин сокинони гирдиҳамомада аз болои масъулини сафорати Бритониё дар Душанбе ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кулл ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Таҷаммуъгарон аз мақомоти тоҷик хостаанд, дар робита ба сафари ғайриқонунии дипломатҳои Бритониё ба Бадахшон чораандешӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |