Иттифоқи журналистони Қазоқистон ба Ҷулиан Ассанҷ ҷоиза додааст
Ҷулиан Ассанҷ, журналисти австралиягӣ барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Қазоқистон шудааст.
“Мо ҳамасола журналистонро барои ҷоиза интихоб мекунем. Имсол даҳҳо намояндаи ВАО муддаии ҷоизаи иттифоқ буданд. Бо тасмими ҳайати вижа дар номгӯи “таҳқиқоти журналистӣ” ҷоиза насиби Ҷулиан Ассанҷ шуд”,- гуфтааст Сейткази Матаев, президенти Иттифоқи журналистон ба Tengrinews.kz.
Ба қавли ӯ, онҳо баъд аз зуҳри имрӯз ба Ассанҷ диплом ва ҷоизаи пулиро ирсол мекунанд: "Мо медонем, ки вай дар куҷо аст ва хоҳиш мекунем, ба ӯ бирасонанд".
Ёдовар мешавем, Ҷулиан Ассанҷ баъди нашри санадҳои ифшокунанда дар торнамои WikiLeaks шуҳратёр шуд. Соли 2010 дар Лондон боздошт гардида, бо пардохти 240 ҳазор паунт раҳо шуд. Ҳоло дар сафоратхонаи Эквадор дар Бритониёи Кабир паноҳ мебарад. Дар Шветсия асосгузори WikiLeaks-ро дар таҷовус ба номус муттаҳам мекунанд. Ассанҷ бошад, ин иттиҳомро рад карда мегӯяд, барои нашри асноди сиррии дипломатии Амрико ҳадафи таъқибу фишор қарор гирифтааст. Ба қавли ӯ, мақомоти Шветсия мехоҳанд ӯро ба ИМА таслим кунанд, ки онҷо ҳукми қатл интизораш ҳаст.
WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди махфии вазорати умури хориҷии Амрикоро ифшо сохт. Ҳамчунин дар ин сомона асноди сиррӣ оид ба ҷанг дар Ироқу Афғонистон ҳам нашр шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |