Даври аввали бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 миёни дастаҳои лигаи олӣ ва тимҳои лигаи аввали футболи мамлакат ба анҷом расид.
Тибқи иттиллои федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин сабқат дастаи «Хуҷанд» бо клуби «Ҳулбук» ба майдон баромада, бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуд. «Вахш»-и Қурғонтеппа бо «Пахтакор»-и Қубодиён 3 бар 0 (техникӣ), «Гвардия» бо «Сабо» 0-0 бозиро мусовӣ анҷом доданд. «ССКА Помир» дар мубориза бо «Данғара» бо ҳисоби 6 бар 0 пирузӣ ба даст овард, бо ҳамин ҳисоб 6 бар 0 «Равшан» «Локоматив»-ро шикаст дод. «Хайр» бо «Ситора» бозӣ карда, бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб шуд, «Шодмон» бошад, бо ҳисоби 5 бар 2 дастаи «Зарафшон»-ро шикаст дод. «Регар ТадАз» бо «Ҳосилот» сабқат карда, а бо ҳисоби 8 бар 1 пирӯз шуд, «Энергетик» бо дастаи «Румӣ» қувваозмоӣ намуда бо ҳисоби 11 бар 2 ғалаба кард, «Парвоз» бошад «Истаравшан»-ро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб кард.
Манбаъ афзуд, бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 27-ум ва 28-уми август соати 16-у 30 дақиқа оғоз мешавад. Гуфта мешавад, ки дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба даври дуюм роҳ ёфт, зеро рақибаш дастаи “Пахтакор”-и Қубодиён аз сабқат даст кашид.
Мӯҳр