Мардуму корхонаҳои Тоҷикистон аз бонкҳо 8,6 миллиард қарздоранд
Бонки миллиии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ мардуму корхонаҳо аз бонку ташкилотҳои қарзӣ ҳудуди 8 миллиарду 600 миллион сомонӣ қарздоранд.
Ин ниҳод мегӯяд, бақияи қарзҳо дар Тоҷикистон нисбат ба моҳи майи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд шудааст. Ба иттилои манбаъ мардум бештар қарзгириро бо асъори хориҷӣ авлотар медонанд: “Аз ҷумла феълан 3 миллиарду 589,5 миллион сомонии қарзҳо бо пули миллӣ ва 5 миллиарду 11 миллион сомонӣ бо асъори хориҷӣ гирифта шудаанд.”
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ фоизи миёнаи қарзҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 26,31 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,20 фоизи солонаро ташкил намуд: “Дар таркиби қарзҳо 59,1 фоиз ё 5 миллиарду 82,9 миллион сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат ва 40,9 фоиз ё худ 3 миллиарду 517,6 миллион сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |