Бахшҳо

Ҷалолиддини Маҳмуд: “Ҳар чизе ҳаст, дуруст тақсим карда битавонем” (ВИДЕО)

Ҷалолиддини Маҳмуд, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз он ки сулҳ баъзан маҳсули талошҳои як ҷониб ва он ҳам ҳукумат дониста мешавад, гила кард. Оқои Маҳмуд рӯзи 24 июн, ҳангоми суханронияш дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ, гуфт, “мо то ҳол ба мардум фаҳмонда натавонистем, ки ифтихор аз сулҳ моли кӣ бояд бошад?”

Ӯ афзуд, “мехоҳем, яктарафа ин ифтихорро ба даст орем. Тангназарӣ мекунем. То ба сулҳ расидан ҳайатҳои зиёде кор карда буданд. Ҳайати музокиракунандагон, ҳайати кумисюни оташбас, кумисюни оштии миллӣ. Кӯшиш кунем, ки аз ҳамаи онҳо қадрдонӣ кунем, ёдоварӣ кунем”. Мушовирни раиси ҲНИТ дар идомаи суханронияш илова кард, “сулҳ наметавонад як калимаи хушку холӣ бошад. Вақте сулҳ шудааст, ду тараф дорад. Агар як тараф бошад, он сулҳи маҷбурист. Тарафи дигар ҳам сулҳ кардааст, ифтихор дорад. Ҳар чизе ҳаст, дуруст тақсим карда битавонем”.

Ин масъули Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, вақте созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд, он сулҳи бебозгашт номида шуд. “Барои ҳамин, кӯшиш кунем, то сулҳи мо бозгашт надошта бошад. Оят аст дар Қуръон, ки мегӯяд, сулҳ беҳтарин чиз аст. Аз сулҳ хайр ба даст меояду шар не.”


Мӯҳр
кп
Чи ин кадар менолед? Ягон орден аз Рахмон гирифтан мехохед? Кидат кардантон. Дар вакташ се-чор одами боаклро гапашонро гуш накардед махмаддонохо. Сиесат чои шумо барин гарангчопхо нест.

Сулхиябону
Хамааш саривакти 17 сол пеш ТАКСИМ кардаги. Боз чи мехохед. Хеч чиз намонд.

Носех
кп,
Дарагой Гапзан мешавед-а? Дарр вакташ ба хама чиз рози будед имруз доно шудед-ми-ааа. Хонашери майдонгариб гуфтанаш барои хамин холатхо будаст-дия. Аввал Худо ин хама фазлро барои мардуми мусалмони точик раво дид, баъдан агар Устод Сайид Абдуллох Нурии мархум намешуд, то хозира хамаакотон доногитона нишон дода мегаштед, мисли Афгонистон. У мардак мард буд, ки бо ин марди дигар Президент кати аввал худашон дусти кардан ва баъд тавонистанд мардумро ба дусти биёранд. Яъне аввал намунаро худашон нишон доданд, сони мардумро ба бародари ва вахдат даъват карданд. Кане ягон кас доно бошад хозир коре кунад, ки Точикистон вахдаташ боз мустахкамтар шавад, пешрафт шавад, амният барои мардум таъмин гардад... Кане будагихо нишон дихед, ки шумо хам Ватана бино карда метавонед. Ино натониста будаанд, ки Сулх кардан, хато карданд. Гап осон, вале ки гапата мегирад????? Ёб дах нафареро, ки хурматат кунанд, чонфидо бошанд, хезед рафта ба тозагии ва ободонии кишвар сахматонро гузоред, барои мардум чохои кори бо маоши баланд таъмин кунед??? Устод Нури бо Президент ки натониста бошанд шумо ку холо хастед, нишон тиед.... Гайри худатон ва манфиати шахси ба дигар чиз коре надоред. ин аст вокеияти холи мисли ин гуна одамхое, ки кадри сулхро намедоненд ва назарашон ин аст, ки бояд вазифахо бештар гирифта мешуд, бояд вазифахоро химоят мекарданд... Инхо хамааш сафасата аст. Гап як чизе кор чизи дигар аст. Майдон хамеша боки аст, мунтазири далер барои хидмат на барои харобокори аст, мархамат.

кп
Носех

Ин гапхои ту демагогия аст. Устод Нурии рахматиро хам бо ана хамин гуна гапхои хушку холи мисли вахдат, миллат, якпорчаги, ватандусти, ободкори сарашро гаранг кардеду охир кидат кардеш.

сармад
биеед хамин худнамойиро бас кунед харду тараф хам точикро куштед бехтараш аз мардум узр пурсед инкадар сулхи бастаро харкадомат ба тарафи худатон бахо медихи давлатхойи абаркудрат хам рахмон ва хам нуриро мачбур карданд ки сулхи точикон баста шавад ана ин хакикати хол бас кунед дастро ба сари сина задан шарм доред

Саид
"аз он ки сулҳ баъзан маҳсули талошҳои як ҷониб ва он ҳам ҳукумат дониста мешавад, гила кард." Ой мардуми бузриш, донед, ки факат бо гузоштани имзо сулх намешавад. Сулхро пойдор кардану тахким бахшидан низ хаст. Хнит ва шахсан Ҷалолиддини Маҳмуд ё Кабири ва ё Турачонзода дар ин самт чи кор карданд?! ой бехабарон, ин хама лофзанихои Шумо низ махсули Вахдат аст!!!!

Дарвеш
ХНИТ-ро ман хизби мухолиф намешуморам,рохбараш ва хамаи аьзоенашон аз молу сарвати худ ба тарс омадаанд,ки аз дасташон нагиранд ва пурра лагандбардору чоплуси хукумат шудаанд. Ман хусусан аз ин хизб тарафдори намекунам ва хизби сиесишам намешуморам.

Кишлоки
“сулҳ наметавонад як калимаи хушку холӣ бошад. Вақте сулҳ шудааст, ду тараф дорад. Агар як тараф бошад, он сулҳи маҷбурист. ......
Офарин гапро кушодед Меган тарафи дигарро Ахмадшох мачбур кардааст набошад чандон вахдатовар набудиян????? Дуруст аст

Снайдер
Сулх аз як тараф не,аз чанд тараф аст:Ирон,Афгонистон,Руссия,насихатхои Туркманбоши,Акаев,Назарбоев,Примаков,Огохо
н,таку давхои Ахмадшох ва Раббони ва ахиран галабахои пайдарпаи муллотолибони ачирик,ки Ахмадшохро ба шимол танг карда бурданд ва чашми русхо аз ин муллотолимбон тарс дошт ва Ахмадшохро онхо чавонмарди дуняви дарёфтанд(на он тавре,ки душманони миллати точик-болшевикони кишварамон ва Ислом Каримов Маскавро аз у метарсониданд!).Аслан ин ду тараф хукуки маънавии сухангуи надоранд.Зеро махз хамин ду тарафро соли 1992 русхо ва узбакхо ба ду майдон бурда чо карда,ба катли точик дуо доданд.Таърих баъди 100 сол хам бошад ба ин ду тараф барои катли омми точик бахо хохад дод.

Носех
кп,
О ту ки хуб медони худата нишон те....
У мардако мардак буданд ва карданд, вале ту на мекуни бох хап хам намеисти. Доно боши рафта ислох кун, нишон те ки чи хел кидат намешай, то ёд гирем. мархаматттт, майдон аз далер.
Вале кор дигар аст бародарчон... хоби...............
Худо мову шуморо барои хайри мардум кувват ва хирад дихад.

мо дар афгонистон будем и габхо хамаш шайтонияй бахдо касам аз бегарзи мулло абдурахими кулоби ягонташ чанг намекард абдуллои нури мулло махмарасул тураяонзодахо хамаашон барои пулу мол кор мекарданд е мардум ай хами давлат намонед и хнит хамаш шайтонияй чанга меандозанду худашон бо зану фарзандонашон мегурезанд мардуми бегунох азоб мекашанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)