“Як тарафи сулҳ – сазовори тухму помидор, тарафи дигар – лоиқи базм?”
Ҳумайрои БАХТИЁР
Ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи дигар ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон 17 сол пур мешавад. Чун одат дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдат тамоми сохторҳои ҳукуматӣ аз ин дастоварди худ ситоиш карда, барномаву филмҳои мустанаде пахш менамоянд, ки як мазмун доранд: сулҳ бо талоши як ҷониб - манзур ҳукумат - ба даст омадааст.
Солҳои аввали сулҳ аз Ваҳдати миллӣ ҳамчун маҳсули ба ҳам омадани ду ҷониб ёд мешуд. Телевизионҳои кишвар, ки яке аз дастгоҳҳи пурқуввати таблиғоти ҳукуматӣ боқӣ мондаанд, филмҳои мустанад пахш мекарданд. Аммо он филмҳо аз ин намоишномаҳои имрӯзӣ комилан фарқ дошт. Дар он мантиқу ҳақиқат вуҷуд дошт. Яъне, дар соли 1997 тоҷикон бо ҳам сулҳ карданд, бо заҳмату ризоияти ҳарду ҷониб.
Мазмуну шеваи пахши ин филмномаҳо бо гузашти солҳо дигар шуд. Дар 5-7 соли аввал мегуфтанд, ки Ваҳдат ин дастоварди умумимиллӣ аст. Вале таҳияи филмҳои баъдӣ бо мазмуни дигар буд. Оҳиста-оҳиста ҷониби дигари мусолиҳаро аз доира берун карданд. Мардумро одат ва бовар кунонданд, ки ин сулҳ дастоварди як гурӯҳ аст ва ҳеч ҷониби дигаре дар он гӯиё нақше надорад.
Боз чанд соли дигар сипарӣ шуд. Дастгоҳҳои таблиғотӣ аз ситоиши “дастовард”-и якҷониба гузаштанд ба васфи талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар. Дастгоҳи таблиғотӣ пайваста мегӯянд, ки бо кадом аз худгузаштагиҳое Эмомалӣ Раҳмон ин Ваҳдатро ба вуҷуд оварда, муҳоҷиронро низ баргардонд. Агар дар аввал мегуфтанд, ки сулҳ ин натиҷаи кори ду гурӯҳ, баъдан як гурӯҳ ва дертар заҳмати як нафар арзёбӣ карданд. Ҳоло даври дигар фаро расид. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамакнун дастгоҳҳои таблиғотии ҳукуматӣ ҳадафмандона аз ҷинояткориву сиёҳкории ҷониби дигар ёд мекунанд. Ҳадди ақал пахши навору гузоришҳои пай дар пай дар мавриди пайравони ҳизбу ҳаркатҳои дигар чунин бардоштеро ба вуҷуд меорад.
Нерӯҳои мухолифин: мушкили мо ё мушкили ҳукумат?
Дар ниҳоят дар симои мухолифин аксар шаҳрвандони кишвар ифротгарову ҷинояткоронро “шинохтанд”. Хуб, фарз кардем, ки чунин ҳам ҳаст, аммо идомаи амали ҳукумат чӣ хоҳад буд? Чунин ба назар мерасад, ки ҳукумат бо аз худ кардани дастоварди сулҳ аз масъулияту ӯҳдадориҳои худ фаромӯш кардааст. Ҳукумат фаромӯш сохта, ки вазифаи аввалиндараҷаи ӯ ин таъмини зиндагии беҳтари мардум аст. Фаромӯш карда, ки рисолати аслии ӯ ин сиёсати муътадил, рушди иқтисод ва бо ҷойи кор таъмин кардану беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии сокинон аст.
Мушоҳида мешавад, ки ҳукумат фаъолиятро комилан дар ҷанбаи дигар пеш мебарад. Давоми ин даҳ соли охир мо шоҳиди он гаштем, ки чӣ гуна қадам ба қадам сулҳро “худӣ” карданд.
Зайд, Кабирӣ, Зойиров, Тӯраҷонзода...
20 соли давлатдорӣ дар Тоҷикистон собит намуд, ки ҳар он шахсият ва нерӯе, ки барои тағйир додани вазъи кишвар, барои ворид шудан ба сиёсат азм намояд, он сарнагун хоҳад шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандарову Ёқуб Салимов аз ҷумлаи он шахсиятҳое мебошанд, ки тасмим доштанд, то ба майдон ворид шаванд. Ба зудӣ онҳо аз як мансабдорони муваффақ ва калидӣ ба ҷинояткору зиндонӣ табдил ёфтанд. Ба эҳтимоли зиёд дар солҳои наздик низ ин майдон моли нерӯе нахоҳад шуд. Мисле, ки ин раванд идома дорад. Мисоли охирин боздошту зиндонӣ шудани Зайд Саидов, роҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”, собиқ вазири саноати кишвар мебошад. То замони ба сиёсат ворид шудан, Зайд Саидов яке аз чеҳраҳои муваффақе буд, ки пайваста дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ва дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон буд. Вале, баъдан, аз ин соҳибкори муваффақу марказгаро якбора ҷинояткор “сохтанд”. Боз ҳам ҳамин дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат буд, ки дар як фурсати барои худашон муайян чӣ гуна далелҳоеро барои ҷинояткории ӯ пайдо накарданд.
Аммо бо сарнагуну зиндонӣ кардани мухолифин, ки ҳеч мушкиле дар ҳеч кишвари дунё бартараф нашудааст. Фарз кардем, ҳоло ҲНИТ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ, ҲСДТ ва роҳбари он Раҳматилло Зойиров, Ойниҳол Бобоназарова, Файзиннисо Воҳидова, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳар равшанфикру дигарандеши дигар барои рушди воқеии сиёсат ва иқтисоди кишвар монеъ мешаванд. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки ҳукумат дар суханҳои худ замони ба Ваҳдат расидан содиқ мемонад? Магар он замон савганд ёд нашудааст, ки тамоми заҳмату нерӯ барои беҳтар кардани вазъи миллату давлат равона хоҳад шуд? Бо мубориза алайҳи мухолифон намешавад, ки тараққиёти кишварро таъмин намуд. Пас аз маротибаи чорум ба мақоми президентӣ расидани Эмомалӣ Раҳмон чунин менамояд, ки зердастонаш бо тамоми қувва бар зидди мухолифон амал мекунанд. Мисли инки дар ин кишвар ҳеч мушкили дигар вуҷуд надошта бошад. Ё бо шикаст додани дигарандешон мушкилоти беҳудуди ҷумҳурӣ ҳар мешуда бошанд?
Ба ҷои хулоса
Тааҷҷубовар ин ки пас аз чанд рӯзи дигар бо дабдабаву ҳамҳама дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Фикр мекунам, иштирокдорон танҳо як ҷониби сулҳ бошанд. Дар назар аст, ки ҳатто дар охири ҷашн салютпаронӣ хоҳанд кард, ки касро ба андеша водор месозад: Як тарафи сулҳ сазовори тухму помидор, тарафи дигар лоиқи базму тараб. Вале, оё касе аз оқибаташ меандешида бошад, ё не?!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |