АКС: Бонуи аввали Тоҷикистон бо куртаи милливу рӯсарӣ дар канори ҳамсараш
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон чанд аксеро аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, гузошт, ки дар он бонуи аввали кишвар ҳам дида мешавад. Дар ин аксҳо ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон куртаи миллӣ ва рӯсарӣ дорад.
Ин сафари нахустини раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Малайзия мебошад ва истиқболи расмӣ аз ӯ дар саҳни парлумони ин кишвар сурат гирифтааст. Оқои Раҳмону ҳамсарашро Абдулҳалим Муаззам, подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону ва Наҷиб Абдурразоқ – нахуствазири ин кишвар пешвоз гирифтаанд.
Шаби гузашта (22 июн) низ дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ як акси Эмомалӣ Раҳмону ҳамсарашро дар фурудгоҳи Куала-Лумпур гузошта буд, ки дар як муддати кӯтоҳ вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Бештари шарҳнависон аз он ки ҳамсари раиси ҷумҳур куртаи милливу рӯсарӣ дорад, истибол кардаанд. Вале ин суолҳо низ навишта шудаанд, ки бонуи аввали Тоҷикистон чаро маҳз ба Малайзия рафтааст.
То кунун аксҳои дигари бонуи аввали Тоҷикистон дар канори ҳамсар ва фарзандонаш дастраси расонаҳо шуда, суханронии ӯ дар тӯйи писараш Рустами Эмомалӣ тавассути телевизиони К+ низ намоиш дода шуда буд. Вале дар солҳои охир бори аввал аст, ки ӯ дар як сафари расмӣ ҳамсарашро ҳамроҳӣ дорад ва дафтари матбуот ҳам аксҳои ӯро расонаӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |