Шабнамҳо, Таҳминаҳо, Фирӯзаҳо, Бунафшаҳо, Сурайёҳо... Кистанд онҳо?
Маҳбуби ГАНҶААЛӢ
Дар "кӯл"-и шоу-бизнеси тоҷик бо шитоб заврақҳои нав ба шино медароянд. Табиист, ки на ҳамаи онҳо ба соҳили мурод мерасанд, ҳатто бархе дар аввали масир бозпас гашта, қисме то миёна ҳам намерасад.
Танҳо гуруҳи хурде дар ин кӯл ҷову макон пайдо мекунад. Бештари ин заврақнишастаҳо ба гуруҳи сарояндаҳо шомиланд. Дар кӯли шоу-бизнес ҳамномҳо ҳам ҳастанд. Дар ин матлаб суроғи чанд овозхони ҳамном рафтем, аммо танҳо аз онҳое мегӯем, ки муваффақанду заврақашонро кайҳо ба киштӣ ва ҳатто “яхта” иваз кардаанд.
Аз ҳама бештар Шабнамҳо зиёданд. Аммо теъдоди Шабнамҳои муваффақ дар ҳоли ҳозир ба се мерасад ва шинохтатарини онҳо Шабнами Сурайё мебошад. Ӯ аз хонаводаи сарояндахез аст. Бештар тарафи модарии Шабнам ҳунари хонандагӣ ва шуҳрат ёфтанро доранд. Шабнам овозхониро аз модараш - Сурайё Қосимова, ки примадонаи тоҷикаш ҳам мегӯянд ба мерос гирифтааст. Як хоҳари вай – Фарзона ҳам дар шоу-бизнес мақоми намоёнеро соҳиб аст.
Шабнами Сурайё ҳоло дар раддаи аввали овозхонҳои попи тоҷик мақом дорад. Ӯ дар саҳнаҳои хурду бузурги Русияву Амрикову Аврупо ҳунарнамоӣ кардааст. Клипҳояш гаронбаҳоянд ва дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ низ ҳаққи хизматаш кам нест. Беҳрӯз Зеваров дар китоби “Асрори шоу бизнеси тоҷик” (соли 2012) Шабнами Сурайёро дар қатори панҷ овозхоне навиштааст, ки ҳаққи хизматашон барои иштирок дар як чорабинии то 60-дақиқаӣ (Душанбе ва наздиктарини навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) аз 2000 доллар бештар аст. Аммо ахиран як нафари огаҳ гуфт, Шабнам барои як соати баромад дар шаҳри Душанбе 7 ҳазор доллар хостааст.
Шабнами Тоҷиддин. Ӯ ҳам аз хонаводаи санъаткор аст. Падараш, марҳум Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз ситораҳои дурахшони эстрадаи тоҷик буд. Шабнам пас аз марги падараш дар саҳнаи бузург муаррифӣ гардид. Дар ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад. Дар китоби “Асрори шоу бизнеси тоҷик” ҳаққи хизмати ӯ аз 1000 то 2000 доллар (барои иштирок дар як чорабинӣ то 60 дақиқаи корӣ (Душанбе ва наздиктарини навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) гуфта мешавад.
Ва Шабнами Собирӣ. Ӯро қаблан ба сифати “қаҳрамон”-и клипҳои сарояндаҳои дигар дидан мумкин буд. Ҳоло ба сифати овозхон маъруф аст. Огоҳони шоу-бизнес мегӯянд, кори муаррифии ӯ ба дасти Мансур Неъматов, маъруф ба DJ Aladdin аст. Дар бештари клипҳои Шабнам “марди орзӯҳо”-яш маҳз Мансур мебошад. Шабнами Шамс ҳам ҳаст. Аммо ҳоло ба саҳнаҳои бузург роҳ наёфтааст.
Аз Фирӯзаҳо ду-то дорем. Фирӯза Ҳафизова ва Фирӯза Алифова. Дуюмӣ замоне хеле муваффақ буд, аммо чанд соли ахир тарки хонандагӣ кардааст. Аввалӣ ҳоло ҳам месарояд. Фирӯза Ҳафизова аз раққосаӣ ба овозхонӣ омад. “Аз хурдӣ рақсро дӯст медоштам. Соли 1999 ба Душанбе омада, то соли 2007 дар ансамбли “Ҷаҳоноро” рақс кардам. Дидам ки дар овозхонӣ ҳам мешавад машҳур шуда ва сароянда шудам”,-гуфтааст дар як мусоҳибааш. Ва сарояндагӣ воқеан ба ӯ шуҳрат овард (бешак, таҷрибаи раққосагияш ҳам бенақш нест).
Таҳминаҳо ҳам ду нафаранд. Таҳмина Рамазонова солисти гуруҳи “Авесто” мебошад. Ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷ ҳам эҳтиром мекунанд. Иштирокчии озмунҳои байналмилалии мусиқии ҷаз дар Бишкек буд ва соли 2011 бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Таҳмина садои марғуладор ва сабки хоси таронасароӣ дорад ва гуфта мешавад маҳз ҳамин вижагӣ ӯро маъруфу маҳбуб кардааст.
Таҳминаи дуюм Ниёзова насаб дорад. Номи ӯ замоне, ки 19 сол дошту дар озмуни сурудҳои эстрадии “5 ситора. Интервидение” барандаи шоҳҷоиза гардид (соли 2008), ба шуҳрат печид. Вай набераи шашмақомхонони варзидаи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Фориғутаҳсили Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар бахши журналистика ҳаст. Иштирокчии чанд озмуни мусиқӣ, бо шумули “Бозори славянӣ” дар Белорусия мебошад. Бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона иҷро мекунад.
Миёни баъзеҳо то ҳамномӣ ҳамагӣ як ҳарф фосила аст: Парвин (Юсуфӣ) ва Парвина (Шукруллоева). Онҳо на дар мусиқӣ ва на дар шеваи таронахонӣ бо ҳам шабоҳат надоранд, аммо ҳар яке дар мақоми худ ҳаводор ва мухлис дорад.
Дар миёни ҷинсҳои латифи ҳамном метавон боз аз Бунафшаҳо - Шокирова, Муқимова, Раҷабова, Фарзонаи Хуршеду Фарзонаи Файз, Сурайё Қосимоваю Сурайё Мирзоева, Миҷгона Ҳакимоваю Миҷгонаи Мирзо ном гирифт.
Дар миёни мардҳо ҳам ҳамномҳоро ёфтан мумкин аст. Агар Рустамҳои муваффақро ҳисоб кунем танҳо се ангушти дастамон хам мешавад: Рустами Нур, Рустам Исоев ва Рустами Сарбандӣ. Рустами Нурро маҳорати “актёрияш”, Исоевро таронаи “Як лаҳза” ва Сарбандиро суруди “Сарвиноз” маъруф кард. Рустами якум ҳоло ҳам “по”-и шуҳратро сахт доштааст, аммо дуи дигар онро ба зудӣ сар доданд. Рустами Нурро гоҳе дар Мисру Амрико ва гоҳе миёни духтарон дар Ҳиндустон дидан мумкин аст.
Суҳроби Маҳмуду Суҳроб Отаев (Суҳроби Сафарзод ҳам ин феҳрастро комил мекард, ки 10 декабари соли 2010 даргузашт), Далер Назарову Далери Хайриддин, Файзалӣ Фозилову Файзалӣ Ҳасан, Қурбоналӣ Абдуллоеву Қурбоналӣ Раҳмон Олими Маҳмуду Олими Ҷуъмахон ҳамноманд.
Ҳамнасабҳо низ дар шоу-бизнес ангуштшуморанд. Албатта, онҳое, ки бо ҳам хешу табор нестанд. Дар ин феҳраст метавон аз Манижа, Ғунчагул ва Ҳабиба Давлатоваҳо, Ҳабибу Фирӯз Ҳакимовҳо, Фарзона ва Фаридуни Хуршед ном гирифт.
Миёни ҳамном ё ҳамнасабҳо ду нафари аз нигоҳи хислат, рафтору гуфтор шабеҳро ёфтан душвор аст. Шеваи хонандагии онҳо низ аз ҳам тафовут дорад, ҳарчанд ин тафовут андак аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |