Суръати “масҷидбандӣ”-и мақомот дар Миср
Дар Миср раванди бастани дарҳои масҷид суръат мегирад.
Бино ба иттилои расонаҳои мисрӣ, ин ҳолат бештар дар шаҳри Александрия мушоҳида мешавад. Танҳо давоми чанд рӯзи ахир фаъолияти беш аз 900 ибодатгоҳи мусалмонҳо боздошта шудааст. Қаблан, Вазорати афқофи Миср тасмими бастани масоҷидро нақзи муқаррароти ҳукуматӣ гуфта буд. Ба ҷуз ин, вазорат аз болои ба гуфтаи он 60 имоми ғайриқонунӣ ба пулис шикоят бурдааст.
Тибқи дастури вазорат бояд ҳамаи масҷидҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, мазмуни мавъизаҳо назорат карда шавад.
Аз ин пештар Адлӣ Мансур, президенти муваққатии Миср, ки моҳи июн курсиро дар ихтиёри Абдулфаттоҳ Сиси гузошт, мавъиза кардани афродеро, ки иҷозатномаи вазорат ё донишгоҳи Ал-Азҳарро надоштанд, дар майдон ва масоҷид манъ карда буд. Барои нақзи он як соли маҳрумият аз озодӣ ва ҷаримаи ҳангуфт пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |