Баромади варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Парижи сурат гирифт, бебарор ба анҷом расид. Дар ин бора аз кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, танҳо ба варзишгар Фарҳод Раҳимов муяссар гардид, ки дар се давра ба рақибонаш ғолиб ояд. Ин барои Фарҳод пирӯзӣ ба ҳисоб меравад, гарчанде зинаи ифтихориро касб накард. Дар вазни то 60 кг Ҷамшед Ҳалилов, дар вазни 73 кило Расул Боқиев ва дар вазни 81кило бошад, Шералӣ Бозоров дар давраҳои аввал аз рақибон шикаст хӯрданд.
Гуфта мешавад, фардо, яъне 27-уми август танҳо як варзишгари тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни -100 кило барои зинаҳои ифтихорӣ талош меварзад.
Мӯҳр