Бахшҳо
23 июн 2014 09:42Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Посухи Раҳимзода ба олмониҳо: Ягон узви ҳукумат мошини дуздида надорад

Гуруҳи хабарнигорони олмонӣ дар охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, масъалаи мошинҳои дуздидашуда аз Олмонро, ки гӯиё феълан дар ихтиёри атрофиёни раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, баррасӣ намудаанд.

Масъулони вазорат мегӯянд, Рамазон Раҳимзода аз матлаби нашрияи олмонии “Bild” дар бораи он ки гӯиё 200 мошинаи тамғаи “БМВ” аз ҳудуди Олмон дуздида шуда, ба Тоҷикистон оварда шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ афзудааст, “мошинаҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз давлатҳои Олмон ва Соҳили Балтик тавассути роҳи оҳан ё бо гашти худ оварда мешаванд, ки дар чунин ҳолат масофаи беш аз 6-7 ҳазор километрро тай намуда, аз ҳудуди кишварҳои Созишномаи Шенген, аз ҷумла, Олмон, Полша, Литва, Латвия ва давлатҳои аъзои ИДМ -- Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон мегузаранд.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ба вуруди мошинҳо ба кишвар шахсони алоҳида машғуланд ва ҳангоми бақайдгирӣ пурра аз санҷиш гузаронда мешаванд: “Аз ҷумла, дар Котиботи генералии Интерпол базаи ҳисоботӣ вобаста бо воситаҳои нақлиёти рабудашуда аст, ки тибқи он низ санҷида мешаванд. Ҳар як автомашинаи ба қайд гузошташуда, тавассути системаи ASF ва I-BATCH, ки бо Котиботи генералии Интерпол пайваст гардидааст, тафтиш карда мешавад.”

Раҳимзода илова кардааст, соли 2014 аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ ба Бюрои Миллии Марказии Интерполи Висбадени Олмон дар бораи 21 автомашинаи рабудашуда мактуб равон карда шудааст, вале, то имрӯз ягон ҷавоб нагирифтаанд: “Аз соли 2011 то имрӯз 123 далели автомашинаҳои дуздидашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 78-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Бо ташаббуси Вазорати умури дохилӣ минбаъд амалӣ намудани бақайдгирии автомашинаҳои зикргардида, манъ карда шудааст.” Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкидан изҳор доштааст, ки аз 78 мошинаи дуздидашудае, ки аз Олмон оварда шудааст, ягонтоаш ба наздикони аъзои ҳукумат тааллуқ надорад ва хабари рӯзномаи олмонии «Билд» беасос мебошад. Раҳимзода, инчунин, аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки “автомашинаҳои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду-се моҳи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ҳангоми гузаштани сарҳадҳои як қатор давлатҳо мақомоти дахлдор аз ҷумла (политсия, гумрук ва ғайра) пеши роҳи мошинрабоёнро намегиранд.”

Вазир аз ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ноогоҳона мошинҳои рабудашударо мехаранд, дифоъ намудааст: “Судҳои Тоҷикистон, шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки айни замон соҳиби воситаҳои нақлиёти мазкур буда, онҳоро аз дасти сеюму чорум соҳиб шудаанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, эътироф кардааст.” Раҳимзода далел овардааст, ки “мувофиқи банди 8-и моддаи 12-и Конвенсияи СММ аз соли 2000-ум «Муқобили ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» таъкид гардидааст, ки ҳолати моддаи мазкур ба маънои зарар расонидан ба ҳуқуқҳои харидори тарафи сеюмро надорад.”
Мӯҳр
Маликшои Неъмат бо дипломатияи олии холияшро хамаро хал мена. Бачо парво нанен.

Мардикор
Рост мегуед ягон узви хукумат мошини дузди надорад. Хар мошини дуздие хаст мардум одди дорад. Худ сафед кунии вазир ачиб ба монанди кудакро бо канд фиреб карданро дорад. Мардум одди факат мошинхои опел мерс ки нархаш атрофи 3-5 хазор аст харидори мекунанд чаноби вазир як маротиба ба хамма аъзоёни хукумат нигох куненд ягон нафари онхо мошинхои 30-40 хазора кам сохиб нестанд хамааш гаронарзиш. Дар баъзе рохбарон 3-4 мошини хаст ки нархи он атрофи100-150 хазор долл меистад. Акнун худ казоват кунед, пас бо ин маош аз кучо чунин боигари????

BMW-X6
muhtaram vazir shaf-shaf nakarda sshaftolu gued. Gued ki zuram namerasad on moshinhoro taftish kunam va nomi shiboshonam biguyam. in afsona baroi BOGHCHA muvofiq

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)