Манъи сафари тоҷикон бо шиносномаи дохилӣ ба Русия
Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, қарори наверо имзо кард, ки бар асоси он вуруди сокинони Тоҷикистон бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия манъ аст.
Ин қарор рӯзи 23 июн дар сомонаи расмии ҳукумати Русия нашр шуда, муайян намудааст, барои шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд омадурафт ба қаламрави Русия танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, дипломатӣ ва шиносномаи баҳрнавард мумкин аст.
То ҳол қарори дахлдор аз соли 2005 амалӣ мешуд, ки имкон медод, шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ рафтуомад дошта бошанд. Акнун ҳукумати Русия азм дорад, на дертар аз соли 2015 рафтуомад бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ)-ро, ба истиснои кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ, тариқи шиносномаҳои хориҷӣ роҳандозӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |