Ҷузъиёти садамаи писари муовини аввали раиси Оҷонсии зидди коррупсия
Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон бархе ҷузъиёти садамаи нақлиётии рӯзи 11 июн бо иштироки писари муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишварро, ки дар пайи он ду мошини ин ниҳод зарба дидааст, ошкор кард.
Масъулони ин ниҳоди дипломатии рус рӯзи 20 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, суханҳои Тоҳир Ҷобиров, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи ин садама ва хисороташ онҳоро хеле дар ҳайрат овардааст. Ба гуфтаи дипломатҳои рус, гӯиё Ҷобиров дар суҳбат бо хабарнигори “Азия Плюс” хисороти овардаи садамаи нақлиётӣ бо иштироки писарашро назарногир хонда, гуфтааст, он аз марзи 10 ҳазор доллар убур нахоҳад кард. “Шодем, ки шароити иқтисодии ҳамкорони тоҷики мо хуб ҳасту барои онҳо 10 ҳазор доллар маблағи назарногир мебошад ва маълум аст, ки маоши хубе мегиранд, чун ба ҳодисаҳо ингуна баҳогузориҳо мекунанд”,-гуфтан масъулони Намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе.
Кормандони намояндагии тиҷоратии Русия мегӯянд, Ҷобиров дар ҳоле ҳаҷми хисороти садамаи нақлиётӣ бо иштироки писарашро назарногиру 10 ҳазор доллар арзёбӣ кардааст, ки ҳанӯз натиҷаи ташхис мушаххас нашудаву ба ҷонибе ҳам пешниҳод нагардидааст. “Дар ҷойи ҳодиса танҳо мошинҳо аз назар гузаронида, аксбардорӣ шудаанд. Дар ҳоле ки аз назаргузаронии мошини Фолсваген “Ҷетта” ба фолбинӣ монанд буд, чун капоти тарафи пеш аз зарбаи шадиди мошини Лексус ба дарун даромада, часпида буд, ки кушода намешуд. Инчунин, дар вақти аз назаргузаронии мошин ҳеч кас ба қисмати дохилии он аҳамият надод, чун мошин ҳангоми зарба яктарафа ба даруни ҷуйбор афтида, то 5 метр чунин ҳаракат кардааст”,-мегӯянд масъулони Намояндагии тиҷоратии Русия.
Ба қавли онҳо, ба назар мерасад, ташхиси садама чунон гузаронида шудааст, ки хисороти он ба гуфтаи Ҷобиров “назарногир” барояд: “Махсусан, қайд бояд кард, ки тамоми намояндагиҳои дипломатӣ ниҳодхои буҷетиянд ва таъмири сарсарию фурӯши фаврии онҳо, ки ба мо ҳангоми ташхис маслиҳат доданд, имконнопазир аст. Хариди мошинҳои нав барои намояндагӣ аз ҳисоби буҷети Русия тибқи санаду меъёрҳо сурат мегирад ва барои ин кормандони намояндагиҳои тиҷоратӣ наметавонанд, мошинҳои хуб таъмирнашударо чанд соли дигар истифода кунанду ҷони иштирокдорони дигари ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистонро зери хатар гузоранд.”
Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди ин умедворанд, ташхиси сонеҳаи нақлиётии мазкур бар асоси меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ сурат гирифта, ҷуброни воридшуда ба буҷаи намояндагӣ пурра ҷуброн мешавад.
Ин садамаи нақлиётӣ, ки дар пайи он ду мошини намояндагии тиҷоратии Русия осеб дидааст, рӯзи 11 июн дар кучаи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе, наздикии бинои “Соҳибкорон” рух дода, дар он Хусрав Ҷобиров, писари муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад, ки пушти чанбараки мошини Лексуси 350 қарор дошт.
Тоҳир Ҷобиров дар суҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” хабарҳо оиди рухдодани ин садамаи нақлиётӣ бо иштироки писарашро таъйид карда, гуфтааст, хисороти овардаи ин садама “назарногир” ҳасту аз марзи 10 ҳазор доллар убур нахоҳад кард: “Ҳатман ҷазояшро хоҳад дид, ман шахсан худам, супориш додаам, то ҳама чиз ба таври расмӣ ва дар асоси қонун сурат гирад. Гап сари ин аст, ки ҳамон рӯз як мошине халал мерасонаду писари ман аз уҳдаи ҳарат дар роҳ набаромада, ба мошинҳои рақами дипломатӣ дошта бармехурад. Ҳоло мошини халал расонида мавриди кофтуков қарор дорад. Хусрав дар хона асту ба ӯ осебе нарасидааст ва мошинҳои зарардида ҳоло дар устохона қарор доранду мо ҳатман хисоротро ҷуброн хоҳем кард.” Муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон марбут будани мошини Лексуси навъи 350 ба писарашро рад карда, гуфтааст, ин мошин моли яке аз дӯстони Хусрав ҳаст, ки муваққатан писараш пушти чанбараки он нишаста буд.
Сонеҳаҳои нақлиётӣ бо иштироки фарзандони мансабдорони баландпояи тоҷик дар шаҳри Душанбе бори аввал нест. Шоми 9 октябри соли гузашта низ чунин садама дар маркази пойтахт бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари собиқ раҳбари ширкати Роҳи оҳан, иттифоқ уфтода, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошта буд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси собиқи ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, рух додааст. Баъдан мақомоти умури дохилӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |