Заҳролудшавии сокинону меҳмонони Душанбе аз шаурма
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 19 июни соли ҷорӣ дар пайи истеъмоли “шаурма” дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе беш аз 10 нафар бо нишони заҳролудшавӣ бистарӣ гардидаанд.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, ҳамаи заҳролудшудагон, ки асосан сокинони Душанбеву ноҳияи Ховалинг мебошанд, “шаурма”-ро аз дӯкони як сокини 52-сола дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт харидаанд.
“Миёни заҳролудшудагон аз ҷумла 4 кӯдак мебошанд. Феълан тафтиши ин қазия идома дорад”,-мегӯянд масъулони ВКД. Ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе дӯконҳои омода кардани ғизоҳое, монанди шаурма ва хот-догу сендвич афзудааст. То ҳол Маркази санитарию эпидемиологии пойтахт дар бораи фаъолитяи ин гуна дӯконҳо ҳарфе нагуфта, сифати маҳсулоте, ки онҳо истифода мекунанд, низ ошкор нагардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |