Сержант барои марги Акмали 19-сола дар Мастчоҳ 9 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи низомии Хуҷанд Фаррух Давлатов, сержанти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки дар марги ҳамхидматаш - Акмал Давлатови 19-сола айбдор мешуд, ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон кардааст. Ин ҳукмро додгоҳ алайҳи сержанти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 19 июни соли ҷорӣ содир карда, ӯро дар суистифода аз мақому берун баромадан аз ваколати хидматӣ ва зарар расондан ба саломатии инсон, ки бо марг анҷомидааст, гунаҳкор эълон намуд.
Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи хонаводаи Акмал Давлатов, мегӯяд, рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ Фаррух Давлатов дар қисми низомии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ се сарбоз, аз ҷумла Акмалро қатор карда, латту кӯб кардааст: “Аз зарбаи ногаҳонӣ дар шикам, Акмали 19-сола нафасгир шуда, дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон додааст.”
Додгоҳи низомии Хуҷанд, инчунин, нисбати Раёсати нерӯҳои марзбони вилояти Суғд таъинот баровардааст, ки сабаби асосии зӯроварию шиканҷа дар хидмати ҳарбӣ маърифати пасти ҳуқуқӣ, ташкили нодурусти омӯзиши Оинномаи хидмати дохилӣ мебошад: “Ин таъинот дар ҳузури роҳбарияти раёсати қушӯнҳои сарҳадии вилояти Суғд хонда шуда, фармондеҳин уҳдадор гардиданд, ки барои тағйири вазъ чораандешӣ кунанд.”
Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар қисми низомии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ адои хидмат карда, рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ ҷасади ӯ ба волидайнаш супорида мешавад. Аъзам Давлатов - падари Акмал он замон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ба хулосаи табибон гӯиё Акмал дар пайи банд мондани нон дар гулӯяш фавтидааст, аммо худи ӯ ба ин бовар надорад. Ба гуфтаи падари Акмал, писари ӯ як соли пеш ба таври даъвати маҷбурӣ ба сафи артиш ҷалб шуда буд.
Давоми як ҳафтаи охир бори дуюм аст, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирад. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе низ дар рӯзи 19 июни соли ҷорӣ Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, ки дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста мешуд, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи Усмоналӣ Ғайратов дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |