Адвокат: Домоди собиқи президентро ба ватан истирдод намекунанд
Тибқи қавонини Австрия дар сурати собит шудани гуноҳи Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон ӯро аз 20 соли маҳрумият аз озодӣ то ҳабси абад таҳдид мекунад. Манфред Айнедтер, вакиди дифои Алиев гуфтааст, новобаста аз натиҷаи ҳукм зерҳимояаш ба Қазоқистон истирдод намешавад. Гуфта мешавад, нахустин баррасиҳои додгоҳии Роҳат Алиев на пештар аз моҳи январи соли 2015 сурат мегирад.
Роҳат Алиев 5 июн дар Вена боздошт шуд. Ӯ дар парвандаи марбут ба куштори ду корманди бонки Алмаато дастгир шудааст.
Алиевро дар Қазоқистон дар сарнагун кардани ҳокимият, созмон додани гуруҳи ҷиноӣ ва одамрабоӣ муттаҳам медонанд. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба 40 соли маҳрумият аз озодӣ маҳрум кардааст. Роҳат Алиев, шавҳари собиқи Дарига Назарбоева, духтари калони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |