Маротибаи аввал дар дарвозаи масҷиди сохташавандаи Шоҳроҳи Белополе аз сӯи миллатгароёни укроинӣ рӯзи 2 май, баъдан рӯзи 9 май -Рузи Ғалаба бар фашизм чунин салибҳо бо ранги сиёҳу сурх дар девори масҷид пайдо шуданд. Аммо баъди ин низ неофашистон ором нашуда, дар тахтаи эълонҳои масҷид чунин свастика ва ё рамзи фашизмро ҳаккокӣ кардаанд.
Ҳасан- имоми ин масҷид мегӯяд, ин амал зиёдтар аз авбошӣ буда, нишонаҳои навишташуда дақиқан рамзи фашизм аст, ки бобоҳои мо новобаста аз миллату мазҳаб бар муқобилаш ҷангида буданд. Ман намехостам, ки мардум ин амалро нодида бигиранд. Ин намунаи тафриқаандозӣ дар ҷомеа аст. Ононе ки ин корро кардаанд, онҳо медонанд, ки чиро менависанд, дар куҷо менависанд ва барои чӣ менависанд. Ин таҳқир ба шаъни мусулмонон аст, - иброз доштааст домулло Ҳасан.
Аммо бо ин вуҷуд, ки дар ин бора ба пулис муроҷиат расидааст, мақомоти интизомии ин шаҳр дар қиболи ин қазия хомӯширо ихтиёр кардааст.{jathumbnail off} Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |