"Сабукиҳо"-и рӯза барои муҳоҷирон аз нигоҳи Эшони Маҳмудҷон
Эшони Маҳмудҷон, руҳонии шинохта ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо, ба бархе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бо корҳои сохтмонию сангин машғуланд, иҷоза додааст, дар моҳи Рамазон рӯзаро хӯранду баъдан қазо доранд.
Ӯ дар посух ба суоли як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар торнамои Тураҷон. Орг гуфтааст, “агар фаъолияти Шумо бар асоси шартнома асту дар як рӯз соати кориятон аз 8 то 10 соат муқаррар гардида, дар сурати иҷро нашудани он ба пуррагӣ аз музди меҳнат маҳрум мешавед, метавонед, рӯзаро хуреду баъдан қазо доред.”
Эшони Маҳмудҷон дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, “уламои фиқҳи исломӣ ба коргароне, ки иҷозаи хӯрдани рӯзаро додаанд, набояд рӯзаашонро аз оғози рӯз бихӯранд. Балки бар онҳо воҷиб аст, қабл аз субҳ ба қасди рӯза гирифтан саҳархӯрӣ бикунанд, баъд аз он рӯзаро ният кунанд. Дар аснои кор, вақте аз сабаби ташнагӣ ва гуруснагӣ эҳсоси заъфу сустӣ бикунанд, пас рӯзаашонро бихӯранд. Ва баъдан қазоашро бидуни каффорат бидорад. Инчунин рӯзҳои истироҳатӣ ҳатман рӯзаҳояшонро бигиранд. Ва ҳама шабҳои Рамазон намози таровиҳро агар имкон дошта бошанд, бихонанд.”
Аммо руҳонии тоҷик таъкид кардааст, ин иҷозаи хӯрдани рӯза барои муҳоҷирон дар ҳолест, ки корфармои онҳо рус ё ғайримусулмон асту вайрон шудани барномаи соати кориро қабул надорад. Ба гуфтаи ин руҳонии тоҷик, муҳоҷироне, ки соати корияшон аз худи онҳо вобаста аст, аз қабили тиҷорату ронандаҳои таксӣ ё корфармои онҳо мусулмон ҳасту кам кардани соати корӣ дар Рамазонро қабул дорад, хурдани рӯза барои онҳо ҷоиз нест.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво, эълом кард, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз меёбад.
Дар ҳамин ҳол, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар пайи ин ҷаласаи шӯро нисоби закот низ муайян карда шудааст. Ба гуфтаи Абдулқодирзода, нисоби закот 2 ҳазору 175 доллар, баробар ба 10 ҳазору 875 сомонӣ буда, ҳаҷми садақаи фитр сари ҳар нафари афроди хона 4 сомониро ташкил медиҳад: "Афроди соҳибнисоб бояд дар ҳаҷми 272 сомонӣ закот диҳанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |