YouTube тариқи Babilon дастрас шуд
Видеопортали Ютуб (YouTube), ки сар аз 9-уми июн дар Тоҷикистон масдуд гардид, имрӯз, 19-уми июн тариқи ширкати интернетрасони Бабилон (Babilon), дубора дастрас шуд.
Ин нуқтаро корбарони интернет дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ карда, афзуданд, ки YouTube тариқи ширкатҳои дигари интернетрасон, аз ҷумла Билайн, Сатурн ва чандеи дигар ҳамоно дастнорас мебошад. Ин ҳолат аз 9-уми июн инҷониб дар Тоҷикистон идома дорад.
Рӯзи 18-уми июн Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостааст, барои дастрас шудани шабакаи Ютуб (YouTube) мусоидат кунад. Оқои Атоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар нома баробари дастрасӣ ба Ютуб, аз раиси ҷумҳури кишвар хоҳиш шудааст, ба сайтбандиҳои ғайриқонунии 2 соли ахир хотима бахшида шавад.
Дар баробари ин, феълан дастрасӣ ба сомонаи "Озодагон", махсусан шакл ё варианти мобилии он, аз ҷониби Тоҷиктелеком, Телеком Технолоҷӣ ва чандеи дигар аз ширкатҳо маҳдуд мебошад. Инчунин, як ҳафта боз хонандагони Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” ба сайти он дастрасӣ надоранд, аммо мақомот мегӯянд, ин кори дасти онҳо нест. Ширкатҳои мухобиротӣ низ танҳо бо ҳарфи он ки “кори мо нест”, аз ҷузъиёти қазия худдорӣ меварзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |