Бахшҳо

Хоналӣ Қурбонзода узр пурсиду Ашӯргул аз "гуноҳ"-и ӯ гузашт

Хоналӣ Қурбонзода, мудири маорифи вилояти Хатлон, дар ҳузури роҳбарияти вилоят аз Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), хабарнигори нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа” барои дағалӣ узр маъзарат хоста, уҳдадор шудааст, минбаъд ба аъмоле, ки боиси ранҷиши шаҳрвандон мегардад, роҳ надиҳад.

Ашӯргул Солеҳова бо пахши як изҳорот гуфтааст, рӯзи 16 июн ба назди муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова даъват гардид: “Дар он ҷо дар ҳузури дигар масъулин таъкид шуд, ки ин кор дар муносибату муоширати хизматчиёни давлатӣ бо аҳли қалам ва умуман, дилхоҳ корафтода қобили қабул нест. Сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода таъкид карда шуд, минбаъд ба ҳолатҳое, ки боиси ранҷиши шаҳрвандон, бахусус рӯзноманигорон мегардад, роҳ надиҳад.”

Солеҳова мегӯяд, узри Хоналӣ Қурбонзодаро, ки дар назди роҳбарияти вилоят аз ӯ хостааст, қабул намудааст: “Ба қавле, дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ бахшидамаш.” Ин рӯзноманигор бо баёни миннатдорӣ барои дастгириҳо таъкид намудааст, минбаъд низ мунсифона ба иҷрои вазифаҳои касбияш машғул хоҳад шуд.

Қаблан Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), хабарнигори нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа”, бо ирсоли номаи шикоятӣ ба Давлатшо Гулмаҳмадов -- раиси Хатлон хоста буд, то нисбат ба мудири маорифи вилоят чора андешад. Ба қавли Солеҳова, Хоналӣ Қурбонзода борҳо ӯро дар байни мардум таҳқир намудааст. Солеҳова муаллифи се маҷмӯаи шеър бо номи “Қисматсарои миллатам”, “Пайғоми Хуросон” ва “Гули бодом” буда, соли 2013 ҷоизаи беҳтарин ходими адабиро аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар соҳиб шудааст.
Мӯҳр
Фаромарзи
Домуло маорифчи! узр пурсидан на он кадар кори мушкил будааст ку!
Узр пурсидан - нишонаи бузурги хирадмандист ва кабули он тантанаи алолат ва оромии рух аст.

беном
Агар бахшида бошад ин амали Ашургул нобахшиданист!

Пас барои чи узри Хонали Курбонзода расман чоп нашудааст?Оё Ашургул бар ивази порае аз гунохи у гузашта бошад!Инро танхо худи у ва Худо медонад.

Ин гуна бахшишхои забони дар давлати демокарати ё ба тарики видеовизуали ё авдиовизуали кабул карда мешавад на ба тарики дахони хои мардум.

Агар ман узри Хонали Курбонзодаро тарики расонахои хабари мехондам баъдан бовар мекардам,ки дар хакикат узр пурсидааст.Бовар кунед ин хама дуруг аст!

амир
АЗ ГУНОХАТ ГУЗАШТАМ "ИНСУ ГУЗАР"

тамошобин
Хасани Муродиён низ бояд аз писараш Зокир Хасан узр пурсад. Зеро мо падару модар метавонанд ба фарзанд монеахои гуногун эчод намуда, сухан гуфтан, тасмиме гирифтан ва дигар корхоро манъ созанд, аммо чи тавр фикр карданро махдуд карда наметавонанд

Левакан
Агар хонали ва муродиён,эхтиром гузоран бо ин мардуму ин сарзамин истефо дихан ку бинем!

Ислом
Офарин ба журналистон ва корбарони интернет, ки аз ин рузноманигор дифоъ намуданд ва сабаби узр пурсидани мудир гаштанд.

МАЛИКАБОНУ
АГАР СИТОРА ШЕРОВА КАМТАР АЗ БОЛОИ ИНХО НАЗОРАТ МЕКАРД ИНХЕЛ ХОДИСАХО РУХ НАМЕДОД ВАЛЕ САД АФСУС КИ У ХАМ АВВАЛ ТАРАФИ ХОНАЛИРО ГИРИФТ БИДУНИ ОН КИ МЕДОНИСТ НИСБАТИ ЗАН МОДАР БЕХУРМАТИ ШУДААСТ ВАЛЕ ХОМУШУ ДАР КАНОР НИШАСТ ДИД КИ НАМЕШАВАД АЗ ВАЗИФААШ ТАРСИДА ДАРАВ ТАРАФИ ЖУРНАЛИСТОН ШУД ФАХМИД КИ БО ЖУРНАЛИСТОН БОЗИ НЕСТ ДАРАВ ТАРФИ ОНХО ГАШТ МАГАР ИН БЕХОКИМИЯТИ НЕСТ ИН РОХБАРОН ХУДАШОН ИКРОР ШУДА ГУНОХИ ХУДРО ИКРОР НАМУДАНД САД АФСУС БО ИНХЕЛ РОХБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ АХВОЛИ МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН ЧИ МЕШУДАБОШАД ЧАНОБИ ОЛИ МУХТАРАМ ЭМОМАЛИ РАХМОН ИНХОРО БОВАР КАРДА БА ИН МАКОМХО ТАИН МЕКУНАД ТОКИ МАРДУМ АЗ РОХБАРИ ДАВЛАТ РОЗИ БОШАД ВАЛЕ САД ХАЙФИ ИН БОВАРИХО.

Ин чи бемасъулияти инкадар зани точик хор шудааст ки хатто хизматчиёни давлати хукуки онхор поймол мекунанду боз ба як узрхохи ба мисли гуё хеч гап нашудаасту ба мисли ки равен дигар занонро пешипо накунед гуён Ситора шерова хама корро ба фоидаи Хонали хал мекардааст
МИЛЛАТИ ОЗУРДААМ ХОРАТ БИКАРДАНД САД ДАРЕГ
БАР ГАМУ ГУССА ГИРИФТОРАТ БИКАРДАНД САД ДАРЕГ
МОДАРОН ДАР ТАХКИРИ НОКАС ГИРИФТОР ГАШТААНД
МОДАРИ БЕ МОДАРЕ ХОРАТ БИКАРДАСТ САД ДАРЕГ

acer
Ман хам бо гуфтахои устод Хасан Муродиён то андозаи 100%ризо хастам ки имруз мудири маорифи вилоятро хамчун як дагалчи рузноманигорони мо муарифи карада истодаанд локин ин гуфтахои онхо дурус нест;
Хизмати Хонали Курбонзода то сатхои баланд ба мардум маълум аст ки вай хизмати шоиста ба интернат бачагон толиб илмон хело хам кумаки калон кардааст.
Акнун чи хел ки мегуянд аз пушти як суратгирак як марди бо обу руйро дар хама сомонахо овоза карданд.
рост гуфтааст Хонали Курбонзода !!! аввал сару мангалатро тоза ва талаботи хозира замон чавоб гуй кун!!! бад дар чойхои чаъмияти иштирок кун!!!
Ман шахсан худам бо чашмони худ ин журналисти(омузгори) таърифиятонро дидаам.no coment please

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)