Ҳукумати Ироқ барои ҷанг алайҳи ДИИШ аз ИМА кумаки низомӣ хост

Ҳукумати Ироқ аз Амрико барои берун кардани ҷанговарони Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” аз хоки кишвараш кумаки низомӣ хостааст.
Ҳушёр Зеборӣ, вазири умури хориҷии Ироқ гуфтааст, Бағдод аз Вашингтон дархости ҳамлаи ҳавоӣ дар хоки кишвараш алайҳи ҷанговарони ДИИШ кардааст.
Вазири умури хориҷии Ироқ зимни нишасти хабарие дар ҳошияи Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ изҳор доштааст, ки ин кумакро Бағдод ба таври расмӣ дар асоси тавофуқномаи амниятӣ талаб кардааст. Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш дар хитоб ба вазирони умури хориҷии кишварҳои арабӣ афзудааст, ки қувваҳои мусаллаҳи Ироқ қудрати ҳимояти марзу буми худро доранд: “Вале вазъият хеле печидаасту набояд онро кам дид.” Аз сӯи дигар, генерал Мартин Демпсӣ, раҳбари Ситоди муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар ҷаласаи Конгрес рӯзи 18 июн изҳор доштааст, ки ҳукумати Ироқ барои ҷанг алайҳи ҷанговарони ДИИШ аз Вашингтон кумаки низомӣ хост.
Ин дар ҳолест, ки Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи 18 июни соли ҷорӣ эълон намуд, ки кишвараш бариои ҳимояти шаҳрҳои мазҳабии Ироқ дар баробари неруҳои ДИИШ омодааст. Ӯ бо ишора ба авзои кунунии Ироқ афзуд, “Дар заминаи амокини муқаддас – Карбало, Козимин, Наҷаф ва Сомиро, ба ҳамаи абарқудратҳову муздуронашон ва террористҳо эълон мекунем, ки миллати бузурги Эрон барои ҳимоят аз маконҳои муқаддас тамоми кӯшишаро ба харҷ хоҳад дод.”
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ мебошад, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, аз раҳбари ин ҳаракат Абубакр ал-Бағдодӣ ном мебаранд. Ин ҳаракат муташаккил аз ду гуруҳ мебошад - Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ” ва Ҷабҳат ан-насра ли аҳли Шом, ки дар пайи оғози нооромиҳои Сурия аз сӯи мухолифини ҳукумати Башшор Асад таъсис ёфтааст.
Ахитран ДИИШ эълон дошт, шаҳри дигареро дар шимоли Ироқ таҳти тасарруфи худ қарор додааст. То кунун ин ҳаракати ба ном “исломӣ” шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби шаҳри Бағдод – пойтахти ин кишварро доранд. Дар расонаҳои хабарӣ ва манобеи интернетӣ акс ва наворҳои видеоие нашр шудааст, ки гӯиё 1700 сарбози ироқӣ аз сӯи ҷанговарони ин ҳаракат кушта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |