Бахшҳо

(ВИДЕО) Саймуъмин Ятимов: "Тоҷикистон майдони бозиҳои геополитикию идеологӣ шудааст"

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, вақтҳои охир кишвари мо майдони бозиҳои бузурги геополитикию идеологӣ шудааст.

Ӯ, ки рӯзи 19 июн дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" суҳбат мекард, афзуд, “баъзеҳо гоҳҳо, таъкид мекунам, гоҳҳо зери пӯшиши ташкилоти ғайридавлатӣ аз усулҳое истифода мекунанд, ки ба амнияти кишвари мо зарба мезананд.” Генерал Ятимов илова кард, “эҳтироми зиёдеро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мафҳумҳои демократӣ қоилем, аммо амнияти давлат воло аст.”



Саймуъмин Ятимов таъкид намуд, “барои ташкили давлатҳо садҳо ва ҳазорҳо сол зарур аст, аммо барои вайрону аз байн бурдани онҳо, тавре таҷрибаҳои охир нишон медиҳанд, чанд рӯзу моҳ кофист”. Раиси Кумитаи амнияти миллӣ афзуд, давлати Тоҷикистон наметавонад бе ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, сафоратҳо ва дигар ниҳодҳо фаъолияти самаранок дошта бошад, “аммо ба назар гиред, ки пеш аз ҳама манфиатҳои миллиро пеш хоҳем гузошт”.

“Ман сидқан бовар дорам, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳизбу идеология дӯстдор ё патриоти ин миллату давлат аст. Мо наметавонем, бе ҷомеаи шаҳрвандӣ, сафоратҳо ва дигар ниҳодҳо кор кунем. Барои ҳамин, якҷоя бояд дар фазои дӯстӣ ин хонаамонро созем, ки ба манфиати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад”,-гуфт Ятимов.
Мӯҳр
дурандеш
Хукуматдорон барои миллати точик хизмат кунанд,мардумро бо чои кор таьмин кунанд,ришвагириву мансабфуруширо бархам зананд,бо барк таьмин кунанд,хешуьаборбозиро бас кунанд,роххои пулакиро бархам зананд,адолати судиро чори кунанд, озодии баен ва сухан бошад, ба амнияти Точикичтон хеч кас ва хеч ачнаби дахолат карда наметавонад. Проблемахоио мардума хал кардан даркор аст ва хамаш нагз мешавад.

Маллаев Мугулчон
Точикистон кишвари бекорон, факирон ва гастрабайтерхо, халк бекору саргардон, ин мардак афсона мехонад, агар гранту кумаки хоричиён оиди сохтмонхову тунелхо намебуд, зиндаги халос мешуд. Баъдан вохима накунед, ЧТ ягон секрету мекрет надорад, ки аз хоричихо битарси, баракс сармоягузори ва туризмро ривоч додан лозим то ки кишвар каме хам бошад, рушд кунад.

بننب
“Ман сидқан бовар дорам, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз ҳизбу идеология дӯстдор ё патриоти ин миллату давлат аст." БАЛЕ САИДМУДДИН ЯТИМОВ! АЪЗОЁНУ ДУСТОРОНИ ХНИТ-ХАМ ДУСТОРУ ПАТРИОТИ ХАМИН МИЛЛАТ ХАСТАНД! ТАК ЧТО ЗЕРДАСТОНАТОНРО АЗ СОХТАНИ ВИДИЁХОИ ДУРУГУ БУХТОНИ БОЗ ДОРЕД, АГАР БА ХАМИН ГАПИ ГУФТААТОН ХУДАТОН БОВАР ДОШТА БОШЕД!!!!дурандеш,

бале дурандеш дуруст навиштед агар хамин тавр шавад зиндагии щахрвандон бехтар шавад ягон проблем пайдо намешавад.

Bovar kuned barodaron, in Tojikistoni kambagal ba yagon kas darkor nest az jumla davlathoi abarqudrat va agar darkor mebud dar yak ruz Tojikistona az bain meburdand. Faqat basanda mebud ki in davlathoi abarqudrat granthoro ba Tojikiston bas kunand va qarzhoi xuda az Tojikiston talab kunand, tamom Tojikiston dar tupik va krizisi saxt. Yo ki Rosiya aqalan 10% migranthoro ba Tojikiston rohi kunad, tamom, Tojikiston xaos.

икром
Дар давлете, ки парвои халк надоранд, даркор нест. Дар кучои зиндагии нагз дошта боши хамончо Ватан аст. Хукумат мегуяд, ку заводу фабрика созед. Баъди сохтан аз дастон гирем. Мешавад хаминхел. Сохибкорони калон ин ифтихори точикистон аст, аммо мо гунахгор карда махкамшон мекнем.

Ватандор
Бародар дурандеш! Хамаи ин орзухое, ки ту дар инчо нишон додаи Мааммар Каддафи барои миллаташ пурра таъмин карда буд. Пас барои чи давлаташ аз байн рафт?! Дар инчо бози дигар аст. Як чизро дар илми иктисод "Котилони иктисоди" мегуянд. Ин гуруххи одамон ва ё давлате мебошанд, ки барои сохиб гардидани захирахои табии ин ва ё он давлат мардуми хамон давлатро истифода бурда хатто онхоро бар хилофи хукумат равона карда амнияти миллии онро халалдор намуда баъд аз он ба истифодаи захирахои табии он мепардозанд. Агар хохи, ки Точикистони мо чи захирахоро дорост як бор китоби "Сарватхои табии Точикистон" назар афкан. Худат хону баъд дурандеш бош!

Дурандеш
Ватандор,
Ватандор,
Иброз медорам,ки сатхи пасти зиндаги,факр,бекори,бебарки,ноумеди ба фардои зиндаги ва г.х чавононро ба хар рох мебарад. Ин чавобе хаст,ки бисерихо рози мешаванд.Тасавур кунед,ки барои сохиби манзил шудан бо маоши хозира,мебоист 35сол мехнат кард,дуруст е ...?

Ба ҷойи онки дар Тоҷикистон корхона ва корхоначаҳо сохта шаванд ва дар онҳо шаҳрвандон кор кунанд, мағоза ва бозорҳо сохта мешванд. Аз набудани кор ва маоши кофӣ, мардум, марду зан, роҳи Русияро пеш гирифта, дар назари русҳо бад шудаанд. Онҷо мавриди масхара, лату кӯб, таҳқир ва куштор қарор мегиранд. ҲАМИН АСТ МАНФИАТИ МИЛЛӢ? Ҳар як қадами ҳукумат нокомӣ аст, ки ҳамаи онро инҷо гуфта намешавад. Ба қадри МАНФИАТИ МИЛЛӢ пеш аз ҳама худи ҳукуматиҳо намерасанд. Хазинаи давлатро бо кисаи худ иштибоҳ мекунанд. Алами нокомиҳоро аз таъқиби шахсони алоҳида ва аҳзоби сиёсиву нируҳои озодихоҳ мегиранд. ҲАМИН АСТ МАНФИАТИ МИЛЛӢ?
Шиносам корхонаи хурд дорад. Мегӯяд "Безор шудам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дуруст кардаам. Бо вуҷуди ин рӯзе нест, ки аз ягон ниҳоди давлатӣ "барои тафтиш" 3-4 нафарӣ ҳамла накунанд. Кӯчактарин чизро баҳона карда, фишор меоранд, шантаж мекунанд, то "луқмае" ба даст наоранд. Пулро гирифта, баромада мераванд. Ҳафтаи дигар нафарони дигар меоянд, вале аз ҳамун идораҳо. Асосан, аз андоз, идораи сӯхтор ва санэпидстансия. Акнун мехоҳам корамро маҳкам кунаму ба мардикорӣ ба Русия равам". Пас, ҲАМИН АСТ ҲИМОЯИ МАНФИАТИ МИЛЛӢ? Касе, ки ғами манфиати миллиро мехӯрад, бояд сараввал ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИРО АЗ ФАСОД ТОЗА КУНАД.

патриот
Барои як точики камбагал ки дар кишвари худаш зулм мешавад ва аз нодориву камбагали гуломи русхо шудааст, чи фарк дорад ки боигарии давлаташро як оила хуранд ё давлатхои хоричи? дар хар ду холат хам у точик бечора аст, вале аламовартараш вакте аст ки бо дасти хамватан ва точики худ зулм мешавад

Ватандор,
Рост гуфтӣ! Барои ҳамин Русия ҳеҷ намехоҳад Тоҷикистонро раҳо кунад! Моро бо якдигар ҷанг андохт ва тамошо кард, ва дар оянда низ ин корро мекунад. Омода аст, бо ҳамсоягон ҷанг андозад. Тавре вонамуд мекунад, ки агар Русия дар паҳлӯи мо набошад, дигар тамом, ҳамаи мо аз гуруснагӣ мемурем. Намемонад, ки мо бо дигар кишварҳои мутараққӣ муносибати наздик дошта бошем. Забонашро ба мо ҷабран таҳмил мекунад. Намегузорад (тариқи вазорати маорифи Тоҷ.-тон), ки забони англисӣ амиқтар (чуқуртар) омӯхта шавад. Магар айб нест, ки дар давлати ба ном мустақил ягонто ҳам нашрия бо забони англисӣ вуҷуд надорад, ҳоло ки нашрияҳои русӣ пуранд. Дар мағозаҳои китобфурӯшӣ китобҳои русӣ аз китобҳои тоҷикӣ даҳҳо маротиба зиёданд! Ҳамин аст соҳибистиқлолӣ ва таъмини манфиати миллати тоҷик, ки сокинон аз макотиби тоҷикӣ худро дур гирифта, фарзандони хешро ба макотиби русӣ медиҳанд, ки бадтаринашон аз тоҷикӣ беҳтаранд? Ҳамин хел вазъи шармандаворро кӣ ба вуҷуд овард? Амрико, Иттиҳоди Урупо?

Мурид
Сайты Youtube кушода шуд.

Гапатон дуппа дуруст, мухтарам. Аммо имрузхо барои ба Вахдат расидан факат як ду чехра дар телевизион нишон ва дар матбуот нашр мешаванд. Дигарон ки барои ба ин рузи саодат расидани мо чон супурданд, чаро номашонро намегирем. Ёдашон намекунем. Хамин хел хам мешудаст ааааааааааааааааа

агар ин хоричихо маскадхои гаразнок дошта бошанд, биёед хохиш кунем то хамашон аз Точикистон раванд. Биёед хама намояндагиву сафоратхонахошонро махкам кунем. Пас зиндагимон чи хел мешуда бошад???

Агар дар сурати хал шудани лоихахои бузургип Точикистон НОБи Рогун, САSА-10000 ва гайра иншоаллох Точикистон ба як давлати бузург рафта мерасад, вале дар сурати ноамни хамаи ин лоихахо нол мешавад. Хоруг ки яке аз вилоятхои дорои захирахои лаълу. нукраву тилло мебошад ва бо кишвархои хамсояи АфгонистонуХитой хаммарз аст, инро кишвархои абаркудрат истифода бурда, мехоханд, Точикистонро плацдарм карда, аъзоени гуруххои террористиву экстремисти муборизахои худро дар Осиеи Миена идома диханд ва баъдан гуё амрико ба мисли Афгонистон омада, Точикистонро аз террористон тоза мекунад. Барои хамин хамватанони азиз бояд барои ободии ватани худ хар кас сахми худро гузорад на танкид кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)