Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода: “Касе Аллоҳу акбар гуфта метарконад, Ҷаннатро намебинад” (ВИДЕО)
Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд рӯзи 19 июни соли ҷорӣ дар суханронии худ дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" аз суботу оромӣ дар кишвар тавсиф карда, хост, аз эҷоди ихтилофу фитна миёни мусулмонон ҷилавгирӣ шавад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “дин кинаву адоват нест, балки иззату эҳтиром аст.”
Ин конфронс аз сӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ташкил шуда, дар кори он намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл, Шӯрои амният, Хадамоти гумрук, Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи дин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Оҷонсии зидди фасоди молӣ низ иштирок доранд.
Оқои Мӯсозода афзуд, расонаҳо тақрибан ҳар рӯз хабар медиҳанд, ки ин ё он нафар бо садои Аллоҳу акбар ҷоеро тарконда, нафареро куштааст. “Ин хел одамҳо ҳеч вақт ба Ҷаннат намераванд. Ҷояшон дӯзах аст. Худованд дар Қуръон мефармояд, ин хел афрод ҳаргиз рӯи Ҷаннатро намебинанд, бӯи Ҷаннатро намефаҳманд.”
Дар идомаи сӯҳбаташ Мӯсозода фитна ва эҷоди ихтилоф дар миёни мусалмононро гуноҳи кабира донист. Ӯ гуфт, “фитна аз куштор бадтар аст. Мумкин аст, дар натиҷаи як фитна чандин инсон кушта шавад”. Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, инчунин, аз гуруҳу ҷунбишҳое назири Ҳизби Таҳрир ва Ансоруллоҳ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ аз номи Ислом, аммо бар зидди Ислом равона шудаанд: “Онҳо ба номи Ислому мусалмонон доғ меоранд. Дар Тоҷикистон низ чунин гуруҳҳое пайдо мешаванд, аз ҷумла ҷараёни Салафия. Имрӯз сабаби ихтилофот ҳам дар бемазҳабӣ, ҳам дар ибодат ва ҳам дар ақида аст. Онҳо мардумро ба ихтилофот андохтанд. Бояд мо пеши роҳи ихтилофотро гирем.”
Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода дар идома аз созмонҳои байналмилалӣ гила кард, ки мегӯянд, занҳои тоҷик ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд: “Магар дар Узбакистон занҳо ба масҷид мераванд? Магар модару хоҳару хола ва модаркалонаш рафтааст?” Мӯсозода дар охир аз мардум даъват кард, ба атрофи худ назар карда, пешрафтҳои кишварро ҳам бубинанд. “Хусусан дар даҳсолаи охир пешрафтҳои зиёде шудааст бо саъю кӯшиши пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ -- Эмомалӣ Раҳмон. Халқи мо бо инояти Парвардигоар ба бисёр чизҳо мушарраф шудааст. Тоҷикистон тинҷу ором аст. Мо корҳои хайре, ки ҳаст, ба мардум бирасонем. Ободии роҳҳо, купрукҳо, эҳтироми таърих, урфу одат, анъанаҳои миллиро ба мардум бирасонем, дарк кунем”,-таъкид дошт ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |