Бонуҳои футболбози тоҷик бо ҳамтоёнашон аз Узбакистон, Фаластин... ва Шри-Ланка қувваозмоӣ мекунанд
Дар Куала-Лампур, мақарри Конфедератсияи футболи Осиё қуръапартоии даври интихобии мусобиқаи Осиё-2015 миёни тимҳои миллии бонувони то 16-сола баргузор шуд. Дар пайи ин қуръапартоӣ мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-16) вориди гуруҳи “А” шуда, бо тимҳои миллии бонувони Узбакистон, Шри-Ланки, Баҳрейн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард.
Ба даври интихобӣ 21 даста (12 то аз минтақаи Ғарб ва 9 то аз минтақаи Шарқ) шомил шудаанд. Бозиҳо аз 4 то 13 октябр дар Шри-Ланка баргузор мешаванд. Роҳхат ба даври финалӣ насиби ғолибони гуруҳҳо мегардад. Тимҳои миллии Ҷопон, Корея, Чин ва Тайланд мустақим ба даври баъдӣ мераванд.
Натиҷаи қуръапартоии даври интихобии чемпионати Осиё -2015 миёни бонувони то 16-сола (U-16):
Минтақаи Ғарб
Гуруҳи “А”: Шри-Ланка, Узбакистон, Баҳрейн, Фаластин, Қирғизистон, ТОҶИКИСТОН.
Гуруҳи “В”: Бангладеш, Эрон, Урдун, Ҳиндустон, Имороти муттаҳидаи Араб, Қатар.
Минтақаи Шарқ
Гуруҳи “С”: Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Гонконг, Ҷазираҳои шимолии Мариан, Ветнам.
Гуруҳи “D”: Тайбэйи Чин, Мянма, Филиппин, Камбоҷа.
Тақвими бозиҳои гуруҳи “А”:
Даври 1
4 октябр (шанбе)
Баҳрейн – Шри-Ланка
Фаластин – ТОҶИКИСТОН
Узбакистон – Қирғизистон
Даври 2
6 октябр (душанбе)
Шри-Ланка – Қирғизистон
Узбакистон – Фаластин
Баҳрейн – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
8 октябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Баҳрейн
ТОҶИКИСТОН – Узбакистон
Шри-Ланка – Фаластин
Даври 4
11 октябр (шанбе)
Фаластин – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка
Узбакистон – Баҳрейн
Даври 5
13 октябр (душанбе)
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Баҳрейн – Фаластин
Шри-Ланка – Узбакистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |