Дарёфти ҷасади Хурсандмурод аз дохили "Хундай" дар маҳаллаи 91-и Душанбе
Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе аз дохили худрав ё мошинаи тамғаи “Хундай-Туксон” дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт ҷасади як ҷавони 24-соларо пайдо кардаанд.
Масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Хурсандмурод Шоҳраҷабов бегоҳи 16 июн дарёфт гардидааст. Ба қавли манбаъ, Шоҳраҷабов аз хонааш санаи 14 июн баромада бедарак шуда будааст.
Мусоҳиби мо афзуд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи дигар маъмурони пулис ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор ду сокини ноҳияи Варзоб – Сайриддин Исматови 24-сола ва Наҷмиддин Исматови 37-соларо, ки қаблан доғи судӣ доштааст, дастгир намудаанд. Мақомот мегӯянд, муайян шудааст, ки дастгиршудагон рӯзи 16 июн дар ҳавлии истиқоматиашон бо истифода аз таппончаи “Макаров” Шоҳраҷабовро кушта, сипас, ҷасади ӯро бо автомашина ба Душанбе оварда, кӯшиш намудаанд, мошинро оташ зананд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |